МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИ НУҲМОҲА ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ”-И ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант: Ҳисобот  

Баргузории маҷлисҳои ҳисоботи нуҳмоҳа дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ”-и шаҳри Левакант баргузор гашт. Дар ин асос, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ”, маҷлиси ҷамъбастии нӯҳмоҳа бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант доир гардид.

Дар маҷлис нахуст, фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ арзёбӣ гардида, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи имрӯзаи сиёсии ҷаҳон, дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои таблиғу ташвиқ ва фаъолияти ҳадафноки ҳизбиён баҳри пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Тоҷиддинов Ориф-муовин раис ва мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант зимни суханронӣ зикр намуд, ки хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Декмократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди тағйироти нави бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои барқӣ, кушодану васли роҳу нақбҳо, таҳкими ватандорӣ ва ифтихори миллӣ ҷойгоҳи боиси таҳсин аст. Ҳамзамон, Роҳбари давлат дар иншои асарҳои гуногуни таърихиву фарҳангии миллат ва зиндаву ҷовид гардонидани чеҳраҳои мондагори илмию адабӣ, қаҳрамонони миллат ва сарнавишти мардуми тоҷик ҳусни тафоҳум бахшида, бо пешниҳоду ташаббусҳои байналмиллалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми хосса дорад, ки ин маҳбубият на танҳо боиси боварию эътиқоди мардуми Тоҷикистон, балки ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.