ФУТБОЛИ ХУРД БАЙНИ ОМӮЗГОРОН МАКОТИБИ НОҲИЯ ҶИҲАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тавре, ки дирӯз аз баргузории мусобиқаи варзишӣ аз руи намуди Футболи хурд байни омӯзгорони макотиби ноҳия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари кӯтоҳе нашр намудам, ҳамагон шоҳид будед. Мусобиқаи Футболи хурд байни омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ноҳия таҳти унвони "Конститутсия - Шаҳкитоби даврони истиқлолият" баргузор гардида хушу хурсандона ҷамъбаст гардид. Баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба санаи ин ё он ҷашн зери назари пайвастаи масъулини ташкилоти ибтидоии мактаби варзишӣ қарор дошта, минбаъд низ дар ин самт корҳо ҷоннок ба роҳ монда мешавад.

 

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия Бахтзода Ҷомӣ