КОНСТИТУТСИЯ-МУҚАДАСОТИ МИЛЛАТ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 5 – уми ноябри соли 2023 дар асоси нақша чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади сазовор таҷлил намудани 29-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри Фарҳангӣ Кангурт чорабинии фарҳангӣ дар мавзӯи “Конститутсия-Бахтномаи Миллат” бо оштироки раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар Ҷамоати деҳоти Кангурт Ширмои Маҳмадсаид ва раисони ташкилотҳои ибтидоии Ҳизбӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва собиқадорони Ҳизбу меҳнат баргузор гардид.

            Дар рафти чорабини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар Ҷамоати деҳоти Кангурт Ширмои Маҳмадсаид суханрони намуданд: мо бояд амиқан дарк намоем, ки Конститутсия ва дар маҷмӯъ ҳама қонунҳо кафили сулҳу субот, воситаи муҳими таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ мебошанд. Дар шароити пуртазоди дунёи имрӯза мо танҳо бо ҳамин роҳ метавонем, ки татбиқи ҳадафҳои неку созандаи пешгирифтаи давлати ҳуқуқбунёду демократии худро таъмин намоем ва заминаҳои адолати иҷтимоиро дар кишварамон тақвият бахшем. Бархӯрди тамаддунҳо, омезиши фарҳангҳо ва вазъи мураккаби баъзе минтақаву давлатҳои ҷаҳон ҳар як фарди бедордил ва бонангу номуси ҷомеаро водор месозад, ки қадру манзалати сулҳу оромиро хуб дарк намояд ва дар доираи Конститутсия ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон талош варзад.

           Дар охир аз ҷониби ҳунармандони Қасри Фарҳанги Кангурт намоиши Фарҳангӣ пешниҳоди тамошобинон гардид.