МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАХШИДА БА 29-СОЛАГИИ ҲХДТ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бахшида ба 29- солагии ҲХДТ миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷамоати шаҳраки Муъминобод мусобиқаи футбол доир гардид.

Дар кӯшодашавии мусобиқаи мазкур Раҳимов Фурқат, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Муъминобод ва роҳбари муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки варзиш омили муҳимтарини муаррифгари давлат ва беҳтар гардонидани саломатии ҳар як инсон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, Ҳукумати кишвар ва Президенти мамлакат ҳамеша ҷиҳати пешрафти варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид ба ҷавонону варзишгарон талош варзида, дар ҳар як ноҳияву деҳоти дурдасттарини мамлакат толор ва майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода истодаанд.

Ҷавонони мамлакатро низ зарур аст, ки аз ин имконот самаранок истифода бурда, дар муаррифии давлат ва омавигардонии варзиш нақши арзандаи хешро гузоранд.