КОНСТИТУТСИЯ – ШИНОСНОМАИ ХАЛҚУ ДАВЛАТ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар миқёси ҷаҳон давлате нест, ки бе Конститутсия побарҷо монад ва ҳаминро ба назар гирифта Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам пас аз ба даст овардани соҳибистиқлол ба қабули конститутсияи хеш пардохт. Азбаски дар оғози Истиқлолият дар мамлакат муноқишаҳои сиёсӣ ба амал омаданд, ҳушу гӯши мардум дар мадди аввал ба оромии сиёсии кишвар равона шуда буд ва пас аз гузашти се сол, яъне 6-уми ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия қабул гардид.

Агар ба таърихи қонунгузории кишварамон назар андозем, аён мегардад, ки дар Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имрӯз 5 маротиба, яъне, солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 конститутсияҳои гуногун қабул гардидаанд. Конститутсияи имрӯзаи Тоҷикистон аз конститутсияҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ дошта, меъёрҳои он ба талаботи санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон доир ба ин санади муҳимми сиёсӣ чунин зикр карда буданд: «Хусусияти асосӣ ва муҳимми Конститутсияи мазкур дар он аст, ки он на санади аз тарафи гурӯҳи одамон қабулшуда, балки аз тарафи аксарияти халқ қабул карда шудааст. Аксарияти аҳолӣ ба Конститутсия овоз доданд. Ин дастоварди бузурги мо ба ҳисоб меравад».

 

Қабули Конститутсия имконият фароҳам овард, ки давлат тамоми шароит ва захираҳои мавҷудаи худро барои раҳоӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини тамомияти арзӣ, якпорчагии давлат, баргардонидани ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳифз ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ, гузаштан ба фаъолияти созандагию бунёдкорӣ сафарбар намояд.
 

Конститутсия Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки меъёри мазкур барои пешрафти иқтисоди миллӣ, тақвияти низоми таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф, илм ва фарҳанг такони ҷиддӣ бахшида, дар ин самт дастовардҳои назаррас ба даст омаданд.    Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти таърихию сиёсӣ низ дорад, зеро он аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ва сохтори дохилии худ дар қатори беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон қарор гирифта, тавассути ин ҳуҷҷат ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хусусияти давлати мо ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, таъриху фарҳанг ва забони миллӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, муносибат ба инсон ва шаҳрванд, ҳифз ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои он, мавқеи халқ дар давлатдорӣ, низоми ҳокимияти давлатӣ, муносибати давлат ба моликият, ба тартиби таъсиси мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ шиносоӣ пайдо намуд. Ҳамин тариқ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯи ҷаҳон бо ҷанбаҳои демокративу башардӯстонаи худ ҳамчун шиносномаи давлат ва халқи тоҷик эътироф гардид.
 

Аз ҷониби дигар Ватани азизамон тавассути Конститутсияи хеш узви Созмони Милали Муттаҳид ва муҳимтарин созмонҳои байналмилалии дунё пазируфта шуд. Имрӯз зиёда аз 160 давлати дунё Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф карда, зиёда аз 130 мамлакати ҷаҳон бо кишвари мо равобити дӯстона  барқарор намудааст.
Конститутсияро беҳуда модари қонунҳо наменоманд, зеро он эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.

 

Айни ҳол дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 17 қонуни конститутсионӣ, 22 кодекс ва 357 қонуни соҳавӣ мавриди танзими муносибатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ қарор дорад.
 

Конститутсияи Ҷумҳурии То-ҷикистон ҳамчун санади муҳими асосӣ барои кафолати ҳуқуқи шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсиву идораи давлатӣ бевосита ва ё бавоситаи вакилонаш шароити арзанда фароҳам овард. Ҳуқуқҳои шаҳрвандонро барои ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иштироки фаъолона дар интихобот, интихоб кардан ва интихоб шуданро кафолат дод.
Ҳамчунин ҳифзи Конститутсия тақозо намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсуси босалоҳият, мустақил ва беғарази

назорати конститутсионӣ таъсис дода шуда, вазифаи муҳим ва муқаддас ба зиммааш вогузор карда шавад.
Мо бояд Конститутсияро на ҳамчун матни дар коғаз сабтшуда, балки онро низоми арзишманде донем, ки тамоми фаъолияти шаҳрванд ва сохторҳои давлатиро ба танзим дароварда, инчунин ҷомеаро ба сӯи хушбахтию шукуфоӣ равона месозад.
Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

 

Кафолати зиндагии осуда ва хурраму озодро барои халқ ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз таъмин менамояд. Асоси чунин зиндагӣ, меҳнати софдилонаю бунёдкорона аст. Пас, кафолати меҳнати озодона, донишу ҳунаромӯзӣ, истироҳат ва табобат, саҳм гирифтан дар пешрафти мамлакат барои ҳар шаҳрванд низ аз ҷониби давлат тавассути Конститутсия муайян гардидааст.

Баҳром Айнуддинов, аъзои ташкилоти ибтидоии “Дандонпизишк”-и Маркази
стоматологии вилояти Хатлон, духтури дандонпизишк