ҲИЗБИЁН ВА ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ НБО «РОғУН» ДИДАН КАРДАНД

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Якуми ноябри соли ҷорӣ дар доираи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 31- июли соли 2023 бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонии Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва тақвият бахшидани худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ ҳайати ҳизбиён ва фаъолони вилояти Хатлон ба иншооти бузурги аср -ҶСК НБО «Роғун» сафар намуданд.

Бояд қайд кард, ки ин сафар бо иқдоми якҷояи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  ва  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар арафаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Ҳайати гурӯҳ беш аз 140 нафарро ташкил дода,  дар он Латифзода Асрор Қурбон, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Фирӯза, Шарифӣ муовини раиси вилояти Хатлон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, инчунин як қатор кормандони сохторҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, собиқадорони ҲХДТ,  соҳибкорон,  занону ҷавонон, олимону адибон ва санъаткорон низ шомил буданд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарпарасти маънавии ҶСК НБО «Роғун» мебошад. «Роғун» бузургтарин иншооти аср буда, барои миллату давлати тоҷикон беҳтарин ва пурарзиштарин дастовард арзёбӣ мегардад. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ гаштани корҳои сохтмонӣ дар ҶСК НБО «Роғун» ва ба истифода додани ду агрегати он бағоят бузург мебошад. Пешвои миллат борҳо ба ин Кохи нур сафар кардаву аз рафти корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуда, барои анҷом додани корҳои босифату ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ будан, ба сохтмончиён барору комёбӣ таманно намудаанд.
 

Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз 6 агрегат иборат аст. 16 ноябри соли 2018 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якум ва 9 сентябри соли 2019 агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода доданд.

Боиси сарфарозист, ки имрӯз ҳазорҳо сокини мамлакат бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба таври шабонарӯзӣ дар ҶСК НБО «Роғун» фаъолият карда истодаанд. Зимни сафар ҳайати ҳизбиён ва фаъолони вилоят бо кори сохтмончиёни ин иншооти азими аср аз наздик шинос шуда, доир ба кору пайкорашон бо онҳо суҳбат карданд.
 

Зимни ин сафар Латифзода Асрор Қурбон, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳузури сохтмончиён изҳор дошт, ки ҶСК НБО «Роғун» барои миллати тоҷик дастоварди арзишманд мебошад. Ҳар яки моро зарур аст, ки баҳри пешрафт ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ саҳми муносиби хешро гузорем. Роғун ба хонаи ҳар як сокини мамлакат нуру рӯшноӣ мебахшад ва ин иншооти азими аср дар ҷаҳон назир надорад.

Сипас, Фирӯза Шарифӣ,  муовини раиси вилояти Хатлон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, аз ҷумла қайд кард, ки касе бовар надошт, миллати баруманди тоҷик метавонад ин иншооти бузурги асрро месозад. Хушбахтона зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз тавонистем ду агрегати онро сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем. Сохтани НБО «Роғун» барои аксарият афсона буд, вале мардони далеру тавонманди тоҷик тавонистанд ин афсонаро ба ҳақиқат табдил диҳанд.
 

Ҳамчунин, дар идома Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро изҳор дошт, ки дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ «Дар бораи фаъолияти ҲХДТ ҳамчун сарпарасти маънавии НБО «Роғун» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҳайати ҳизбиён ва фаъолони вилоят аз Кохи нур сарбаландона дидан намуданд.

Дидани ин иншооти бузурги аср барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ боиси ифтихору сарфарозист. Тавре, ки аз рафти корҳои сохтмонии сохтмончиён аз наздик шинос шудем, маълум гардид, ки Тоҷикистони ҷавону соҳибистиқлол дорои энергияи сабз мебошад. Сохта шудани НБО «Роғун» орзуи деринаи ҳар як фарди сарбаланди мамлакат аст.
 

Дар ҷамъбасти қисмати тантанавӣ раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии НБО “Роғун” Сайдулло Абдулаҳадзода аз номи узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, директори генералии ҶСК НБО “Роғун” Сафарзода Хайрулло ба раиси вилояти Хатлон ва роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, инчунин ба роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии  ҲХДТ барои ташкил намудани хатсайри мазкур бо иштироки фаъолони ҲХДТ аз вилояти Хатлон ва расонидани кумаки моддӣ дар шакли маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи хӯрока изҳори сипос ва миннатдорӣ намуд. Ҳамзамон мавсуф қайд кард, ки  зиёда аз 60% ё худ 8523 нафар кормандони масъул ва сохтмончиёни иншооти азими аср -  ҶСК НБО “Роғун” сокинони вилояти Хатлон буда, дар бунёди ин Кохи нури Тоҷикистон саҳми бузург мегузоранд.  Ташкил намудани чунин хатсайрҳо, расонидани кумаки маънавию моддӣ ва ташкили барномаи фарҳангию фароғатии фаъолони вилояти Хатлонро  беҳтарин иқдом арзёбӣ намуда,  ба сатҳи ташкили он баҳои баланд дод. Инчунин, бо боварӣ зикр кард кард, ки  минбаъд низ чунин иқдомҳои  нек аз ҷониби фаъолони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон мунтазам ташкил карда мешавад.  

Маврид ба зикр аст, ки иштирокчиёни ин хатсайр баъд аз шиносоӣ бо зафармандию далерии сохтмончиёни НБО «Роғун» таассуроти нек бардошта, ин иқдоми некро хуб ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Анзурат Абдусаломзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мегӯяд, ки Роғун иншооти муҳими стратегӣ буда, имрӯз дар рушди иқтисодии мамлакат мавқеи меҳварӣ дорад.  Ин иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Тоҷикистонро метавонад ба манбаи нуру рӯшноӣ табдил диҳад, балки Тоҷикистон метавонад ҳамчун кишвари интиқолдиҳандаи неруи барқ ба дигар кишварҳо бошад. Инчунин, НБО «Роғун» метавонад дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳми созанда ва созгор дошта бошад. Сохта шудани ин иншооти бузурги аср иқдоми хуб ва ташаббуси сатҳи ҷаҳонӣ мебошад, ки аз сиёсати дурандешонаи Пешвои маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.
 

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарпарасти маънавии ҶСК НБО «Роғун» мебошад. Мавлонои бузург гуфта буд. «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст». Яъне, сарпарасти маънавии ҲХДТ ҳам далолат ба ҳамин байти Мавлоно медиҳад, ки мо ҳамдил бошем, як маром дошта бошем.  Имрӯз даст ба дасти ҳам дода ин афсонаро ба ҳақиқат табдил додем, ки ҷаҳон дар тааҷҷуб аст,-ироа кард Вализода Муҳаммад, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор.
 

Ҳамзамон ба сохтмончиёни ҶСК НБО «Роғун» аз ҷониби узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид 10 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар шакли маводи хӯрока (картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, бодиринг, турб, шалғам ва ғайра), аз ҷумла  гӯшт, биринҷу равған, маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ расонида шуд.
Ҳамчунин, дар ин сафар барои болидаруҳии сохтмончиён чорабинии фарҳангию фароғатӣ ташкил карда шуд, ки дар он санъаткорон ва ҳунармандони саршиноси вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва саҳнаҳои ҷолиби ҳаҷвӣ баромад намуда, хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.

Дар қисмати охири чорабинӣ ба як қатор сохтмончиёни фаъоли иншооти бузурги аср - НБО «Роғун» барои саҳми арзанда гузоштан дар корҳои сохтмонӣ бо Сипосномаҳои раиси вилояти Хатлон ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

Амонҷон Муҳиддинов,
«Ҳамрози халқ»