МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

26-уми октябри соли ҷорӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абду-раҳмони Ҷомӣ Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ  баргузор гардид.

Дар Маҷлиси Раёсат раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, узви Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Қосимӣ Назокат, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия, вакилон, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ширкат варзиданд.
 

Мавриди зикр аст, ки маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Қосимӣ Назокат ифтитоҳ намуда, рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин шинос намуд.  Дар маҷлиси Раёсат се масъала мавриди муҳокима қарор дода шуд. Баъд аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис ва музокираҳо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро суханронӣ намуда, миннатдории хеш ва роҳбарияти ҳизбро ба аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои фаъолона иштирок намудан дар маъракаи “Обуна -2024” ба нашрияҳои ҳизбӣ “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ”,  тарғибу ташвиқи ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ, аз ҷумла Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!”, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли инҳо  баён намуд.
 

Ҳамчунин дар идома раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар нуҳ моҳи соли равон ёдовар шуда, фаъолияти нуҳмоҳаи кумитаи иҷроияро мусбӣ арзёбӣ кард.
Дар фарҷоми  маҷлис ба як қатор фаъолон барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Сипоснома ва ба аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим карда шуд.