Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-бахтномаи миллат”

КИВ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

3 ноябри соли равон дар асоси нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон шуъбаи таблиғот ва иттилоот дар якҷоягӣ бо шуъбаи кор бо занон, шуъбаи кор бо ҷавонон ва Созандагони Ватан Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-бахтномаи миллат”-ро бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Бохтар баргузор намуданд. Дар аксияи мазкур ба шаҳрвандон варақаҳои (буклетҳо)-и тарғиботӣ тақсим карда шуд.

Конститутсияро бахтномаи миллат мегӯянд, ки ин дар ҳақиқат ҳам дуруст аст, зеро Конститутсия санади муҳими сиёсиест, ки роҳи расидан ба зиндагии орому шоистаро муайян менамояд.

Қабул гардидани Конститутсия барои миллати тоҷик оғози тамоми бурдбориву комёбиҳо ва музаффариятҳо буда, сулҳу дӯстиро дар байни Тоҷикистону мардуми рӯйи олам вонамудааст ва боиси пешравии кишвари соҳибистиқлоли азизамон гардидааст.

Танҳо моро зарур аст, ки ҳар банди онро риоя намуда, ҳуқуқу озодӣ, шарафу номуси дигаронро эҳтиром намоем.

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!