ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ ТАТБИҚ МЕЁБАНД

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

         Дар асоси банди 28-и нақшаи кори-2023 «Ташвиқ ва баргузории амалиёти "Мактаби ман!" ва таъмиру сохтмон ва таҷҳизонидани мактабу боғчаҳо бо ҷалби хатмкардагон ва дигар фаъолон, инчунин дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва ассотсиатсияи падару модарон» бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» сарвари МТМУ №53 Ҳайдаров Мурод ва аз ҷониби кумитаи падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов, 8-синфхонаи иловагӣ бо пушонидани болопуши синфхонаҳо ва шинонидани дару тирезаҳои пластикӣ дар рузҳои наздик ба истифода дода мешавад.

        Ҳамзамон, бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» сарвари МТМУ №53 Ҳайдаров Мурод ва аз ҷониби кумитаи падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов азнавсозии иншооти гигенӣ – ҳоҷҷатхона ва ҷойҳои дастшӯӣ бо усули дренажӣ ба нақша гирифта шудааст.