МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН БАРГУЗОР ГАРДИД

Кушониён: Ҳисобот  

Санаи 27 октябри соли 2023 маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид. Дар кори маҷлис аъзои Раёсат, бархе роҳбарон ва котибони ташкилотҳои ибтидоӣ, иштирок намуданд. Зимнан, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Собиров Далер кори маҷлисро оғоз намуд.

Дар маҷлис 3-масъала барои баррасӣ пешниҳод гардид:

 1. Ҳисоботи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар бораи Натиҷаи фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2023 ва нақшаҳо барои давраи оянда;

2. Тасдиқи Протоколҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҳаракати аъзои ҳизб;

3. Масъалаҳои ҷорӣ ;

Аз рӯи масъалаи якум муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён – Собиров Далер ба сухан баромада, вобаста ба корҳои анҷомдодашуда дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар назди ҳозирин ҳисобот доданд.

Дар рафти маҷлис Раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ И.Сомонӣ” ва “Маорифчиён” ба музокира баромада қайд карданд, ки фаъолияти 9 моҳаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён қаноатбахш ҳисобида шуд.

Оид ба масъалаи 2-юми рӯзномаи маҷлис оид ба “Тасдиқи протоколҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҳаракати аъзои ҳизб” мудири шуъбаи омори кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Абдуллоев Мирвоҳид ба сухан баромада оид ба ҳаракати аъзои ҳизб дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳисобот пешниҳод намуд.

Дар ҷамъбасти маҷлис, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён – Собиров Далер қайд намуд, ки вазифаи аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз он иборат аст, ки ғояҳои асосии давлатдорӣ ва давлатсозии навини тоҷиконро дар байни мардум фаъолона тарғибу ташвиқ карда, на танҳо рисолати инсонӣ, балки мақсаду мароми ҳизбиамонро бо масъулияти баланд иҷро кунем. Ҳамчунин, дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва таъмини амнияту субот, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳаёти осоиштаи кишвар, фароҳам овардани шароит барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва меҳнати озод, рушди демократия, ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ, мусоидат ба рушди маънавӣ ва ахлоқии миллат, муқовимат ба ҳар гуна шакли экстремизм, саҳми босазо дошта бошем.

Бояд хотирасон намоям, ки ҳамаи мо бояд як нуқтаро ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан мебошад.  Аз ин рӯ, барои боз ҳам тақвият бахшидан ва сифатан хуб ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ дар ноҳия нерўи бузурги маънавӣ ва ақлонӣ вуҷуд дорад.   Ҳамаи мо аъзои фаъоли ҳизб талош бар он намоем, ки аз чунин нерўи маънавӣ истифода намуда, барои пойдор гардидани фазои сулҳу субот ва дар умум расидан ба ҳадафҳои бузурги сиёсӣ тамоми кўшишҳои хешро равона намоем.

Инчунин, ба роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастур дода шуд, ки фаъолияти худро дар асоси талаботҳои Оинномавии ҳизб пурсамар намуда, татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбро дар муҳлатҳои муайяншуда ва босифатона иҷро намоянд.