АЪЗОИ ҲХДТ БУДАН МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГ АСТ!

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тавре медонем ҷавонони соҳибиқболи даврони Истиқлолият имрӯз дар меҳвари фаъолияти ҲХДТ қарор доранд. Зеро нақши ҷавонон дар тадбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб басо баланд арзёбӣ мегардад. Ҳамарӯза ба Кумитаи иҷроиияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик, аз тарафи шаҳрвандон ва ҷавонони болаёқат барои ба сафи ҳизб дохил шудан муроҷиат карда мешавад. Қобили қайд аст, ки имруз аксарияти аъзоёни ин Ҳизбро ҷавонони бонангу номус ва шарафманди кишвар ташкил медиҳанд, ки ҳадафҳо ва ғояҳои созандаи онро дар байни ҷомеа тарғиб намуда ва баланд бардоштани маърифати сиёсии шаҳрвандон саҳми назаррас гузошта истодаанд.

                 Зимни сухбат сокинони ноҳияи Темурмалик, ки ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ муроҷиат ба сафи аъзои ҳизбро доранд, бо як ифтихори баланд, оид ба самтҳои фаъолияти ҳизбӣ, баланд бардоштани ҳиссӣ ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллиро ҳамчун таҷҷасумгари сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат баён намуда, ба аъзоги қабул соҳиби шаҳодатномаи ҳизби шуданро ифтихор менамоянд.