БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таълимии №20 - и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Амалиёти муштарак зери унвони “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.

Дар "Соати сиёсӣ" хонандагон иштироки фаъолона доштанд ва ба онҳо дар мавзӯҳои:

1.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ";

2. Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон;

3. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ шараф аст.

Дар рафти соати сиёси қайд гардид, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду  соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат  ва давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст.