ИДОМАИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МТМУ №5

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

27 - октябри соли равон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо рафти сохтмони синфхонаҳои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ва вазъи таълиму тарбия дар ин муассиса шинос шуд. Нахуст зимни боздид аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 бо рафти сохтмони бинои нави синфхонаҳои иловагӣ ва биноҳои ёрирасонӣ муассиса дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки сохтмон соли 2022 оғоз гардида, тибқи нақша соли 2024 бинои нави муассиса ба истифода дода шавад. Бинои нави муассиса тибқи нақша  дорои 13 синфхона мебошад. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи дуюм бо маром идома дорад. Корҳои сохтмонӣ дар муассисаи мазкур бо маблағузории Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи аъзои Райёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода роҳандозӣ шуда истодааст.

Қайд гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ба таълиму тарбия, махсусан, сифати таҳсилот диққати махсус дода мешавад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Пешвои миллат рисолати омӯзгории худро бо масъулияти баланд иҷро намоем.

 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Фархор