МАҶЛИСИ ҶАМБАСТИИ СЕМОҲАИ СЕЮМИ СОЛИ 2023

Темурмалик: Ҳисобот  

Санаи 26–уми октиябри соли равон дар толори Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии ноҳияи Темурмалик Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Санаи 26–уми октиябри соли 2023 тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроия дар ноҳия бо иштироки раиси ноҳия, аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик муҳтарам Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан, аъзоёни Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор гардид.

          Ба рӯзномаи маҷлиси имрӯза баррасии 2 масъала пешниҳод карда шуд:

  1. Ҷамъбасти натиҷаи фаъолият дар семоҳаи сеюми соли 2023 ва нақшаҳо барои давраҳои оянда.
  2. Масъалаҳои ҷорӣ (тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ).

       Маҷлисро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмасаид  кушода оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ да ноҳия дар семоҳаи сеюми соли 2023 ва вазифаҳо барои давраҳои оянда ҳисобот пешниҳод намуд,

       Аз рӯи масъалаи якум раиси ташкилотӣ ибтидоии Темурмалик Айниддини Аслиддин ба музокира баромада оиди самтҳои гуногуни фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ва ташкилоти ибтидоии Темурмалик андешаҳояшро баён намуд.

       Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома “Тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ”, ки 5 ташкилоти ибтидоиро дар бар мегирифт, қарорҳои дахлдор қабул гардида, инчунин 2 ташкилоти ибтидоии Ҳизбӣ аз Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик бо номи “Ҳунарманд” ва аз Ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи номбурда бо номи “Илҳом” таъсис дода шуд.

        Масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик гузошта шуда пурра баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

        Дар фарҷоми маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ба яке аз фаъоли аъзои ташкилоти ибтидоии Ҳизбии “Темурмалик” Шарипов Сахиҷон сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик тақдим гардида, инчунин ба якчанд нафар ҷавондухтарони ноҳия: Рустамова Басират, Эмомзода Дилрабо, Бобохонова Мадина, Асозода Шаҳло ва Бибиошамоҳи Сахизод аз ташкилоти ибтидоии Маҳаллаи №5, ки хоҳиши аъзошавӣ ба ҲХДТ-ро доштанд Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.