КОНСТИТУТСИЯ - ДАСТОВАРДИ НОДИРИ ТАЪРИХ ВА ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои нақшачорабиниҳои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ бахшида ба арафаи таҷлили "Рӯзи Конститутсия" имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии £.54 таҳти унвони "Конститутсия дастоварди нодири таърих ва шиносномаи миллат" дар рафти дарси ҳуқуқ миёни синфҳои 11 хониши сиёсӣ баргузор гардид.Маърӯзачӣ: Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи Иҷроия Бахтзода Ҷомӣ, роҷеъ ба моҳияту аҳамияти Конститутсия ибрози андеша намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки дар таърихи кишвари мо ҳамагӣ 5 -маротиба Конститутсия қабул гардида, ки ҳар яки он марҳилаи нави инкишофи давлат ва ҷомеаро муайян мекард. Қабули Конститутсия агар аз як тараф дастоварди таърихӣ бошад аз тарафи дигар тадбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз кнститутсияҳои қаблӣ фарқи куллӣ дорад. Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим бозтобкунандаи сиёсати инсондустонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб гардида шаҳодати ин нуқта озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст.Дар чорабинӣ зикр шуд, ки дар ҷодаи бунёди заминаҳои давлатӣ дунявӣ демократӣ ва ҳуқуқбунёд қабули Конститутсия ва суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хосса дорад.Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш роҷеъ ба аҳамияти таърихии Конститутсия чунин ибрози ақида кардаанд:" Муҳимтар аз ҳама Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконят дод то ба сафи Давлатҳои демократии ҷаҳонӣ муосир ворид шавем ва ҳамчунин субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ эътироф гардем".Мақсади мардум бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ аст, қайд гардид дар хотимаи хонишӣ. Сипас суолу ҷавоб бо хонандагон сурат гирифт, ки ба ҳозирҷавобии онҳо қоил нашудан ғайриимкон аст.Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ