РАФТИ МАҶЛИСИ ДАВРИИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУС “ДАР БОРАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ ДАР НӮҲ МОҲИ СОЛИ 2023 ВА НАТИҶАҲО БАРОИ ДАВРАИ ОЯНДА”!

Шаҳритуc: Ҳисобот  

         Санаи 25.10.2023 сол дар толори хурди Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳритус маҷлиси даврии Раёсати Кумитаи иҷроия, “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаи фаъолият дар нӯҳ моҳи соли 2023 ва натиҷаҳо барои давраи оянда” бо иштироки ҳамаи аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия, муовинони раиси ноҳияи Шаҳритус Сафарбекзода Фаридун, Мирзобадалзода Комилҷон, Нарзуллоиён Мақсуда ва як қатор раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ (раисони ташкилоту муасисса ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот), вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус даъват шуда дар сатҳи баланд баргузор гашт. 

        Маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритусро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус Шарофзода Ҳ. кушода, барои пешбурди кори Маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, котиби маҷлис дар ҳайати як нафар –Муродова Мунира аз ҳайати аъзои Раёсат интихоб гардид.

        Ба рӯзномаи Маҷлиси Раёсати КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус 4 масъалаи пешниҳод шударо ба иттилоъи иштирокчиён расонид: 

      1. Дар бораи ҷамъбасти натиҷаи фаъолият дар нӯҳ моҳи соли 2023 ва

             натиҷаҳо барои давраи оянда;

      2.Ба роҳбари гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии

         ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил

         намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”;              

     3. Тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ;

     4. Масъалаҳои ҷорӣ (Дар бораи маъракаи даъвати ҷавон-писарон ба 

          хизмати ҳарбӣ” дар асоси “Раҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ”).

            Аз руи масъалаҳои рӯзномаи Маҷлиси Раёсат раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус Шарофзода Ҳ. баромад намуда ба аъзои Раёсат ва иштирокунандагон маълумот дод. Аз руи масъалаҳои рӯзномаи Маҷлис лоиҳаҳои қарори Маҷлиси Раёсат омода гашта дастраси аъзои Раёсат гардида аз ҷониби аъзои Раёсат дастгири ёфта қарорҳо қабул гардид.     

          Дар фаранҷоми Маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус аз рӯи масъалаи чоруми рӯзномаи Маҷлис муовинони раиси ноҳияи Шаҳритус Сафарбекзода Фаридун ва Мирзобадалзода Комилҷон баромад намуда, ба аъзои Раёсат ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

 

         Масъалаҳое, ки барои муҳокимаи Маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус пешниҳод шуда баррасӣ гардиданд.

        Бо ҳамин Маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус Шарофзода Ҳ. пушида эълон гардид.