АЁДАТИ АФСАРОНУ САРБОЗОН

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар пайравӣ аз сиёсати инсондӯстона ва ташаббусҳои хирадмандонаву хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод пайваста тарбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Зимнан таъкид шуд, ки ҳифзи марзу бум, ҳимояи Ватан ва пос доштани сулҳу субот, ваҳдату ягонагии миллат қарзи шаҳрвандии мост ва ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки имрӯз дар заминаи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити буду боши хизматчиёни ҳарбӣ беҳтар гардида, зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти Олии кишвар қарор дорад ва баҳри таъмини зиндагии шоистаи онҳо тамоми тадбирҳои судбахш роҳандозӣ гардидааст.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки Артиши миллӣ дар ҳама давру замон барои ҳар  як давлати соҳибистиқлол кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардумони он сарзамин эътироф шудааст.