БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ НУҲМОҲА ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “САЙЁҲ”-И ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант: Ҳисобот  

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант оид ба баргузории маҷлисҳои ҷамъбастии нуҳмоҳаи соли 2023 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёҳӣ” маҷлиси ҳисоботии нуҳмоҳа  баргузор гардид. Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Тоҷидинов Ориф иштирок намуда. Маҷлисро  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёҳӣ” Баротзода Шарифхон кушода, аъзоёнро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.

Сипас, ҳисоботи нуҳмоҳаи ташкилоти мазкурро оиди фаъолияти нуҳмоҳа шунида шуд. Зимни суханронӣ раиси ташкилоти ибтидоии мазкур  иброз намуданд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёҳӣ” дар шаҳр фаъолияти худро дар асоси Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда, ташаббусҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-ро пурра ҷонибдорӣ намуда, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳми босазои худро мегузоранд.

Сипас, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Тоҷидинов Ориф аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис суханронӣ  намуда, иброз намуд, ки тибқи муроҷиати телевизионии Роҳбари давлат ба оилаҳои ниёзманд ва шахсони имконияташон маҳдуд кумакҳои молиявӣ, моддӣ расонида шавад, ки ин яке аз иқдомҳои аввалиндараҷаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Инчунин, оиди камбудиҳои дар ташкилоти ибтидоӣ ҷойдошта ибрози андеша намуда, оид ба ҳаракати аъзои ҳизб, тарзи дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, ташкил ва ба талабот ҷавобгӯ гардонидани утоқҳои ҳизбӣ дар ташкилот, дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҳизбӣ суханронӣ намуд.