РАИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “АМОНАТБОНК” ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ИВАЗ ШУД

Левакант: Ҳисобот  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк”-и шаҳри Левакант маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии фаъолияти ташкилот дар  нуҳмоҳа аввали соли 2023 бо иштироки мудири шуъбаи сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри  Левакант Ботиров Раҳмиддин аз рӯи 4 масъала баргузор гардид:

1.Ҳисоботи нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк”

2.Аз нав интихоб намудани раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк”

3. омодагии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк”-и шаҳри Левакант ба маъракаи сиёсии “Обуна-2024” ба нашрияи марказии ҲХДТ “Минбари халқ”, “Ҳамрози халқ”

4. Масъалаҳои ҷорӣ.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк” ҳисоботи нуҳмоҳаи-ро ироа намуд. Аз тарафи аъзоён кори ташкилоти мазкур хуб арзёбӣ гардид. Дар доираи талаботи Оинномаи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон бо овоздиҳии аксарияти аъзоён раиси ташкилоти ибтидоии “Амонатбонк” интихоб гардид. Сипас, мудири шуъбаи сармуҳоби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр Ботиров Раҳмиддин оиди иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти мазкур ёдрас намуда, аз тамоми аъзоён барои анҷоми корҳои ободониву созандагӣ даъват ба амал овард.