ВОХӮРИ БО СОКИНОН

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар арафаи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Суҳроби Бозорали мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Муъминобод суҳбату вохӯрӣ доир  намуданд.

Зимни вохӯри қайд гардид, ки даврони Истиқлолият барои мо ҷавонон имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд афзуд Суҳроби Бозорали.

Суҳроби Бозорали  аз корҳои созандагиву ободкори  боздид намуданд дар рафти боздид маълум гардид, ки корҳои таъмири босифат ва дар ҳолати муаяншуда анҷом ёфта истодаанд.