СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ АЗ ТАРАФИ СОҲИБКОР ДАР МТМУ №13

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси соҳибкор Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг Ҳоҷӣ Ҷобир Бобоназаров дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 воқеъ дар деҳаи Сангрезгии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ба роҳ монда шудааст.

Алҳол дар ин сохтмон корҳои бетонхобонӣ идома дошта, дар назар аст, ки синфхонаҳо дар муҳлати кутоҳ сохта ба истифода дода мешаванд.

Сокинони маҳалла, омӯзгорон ва хонандагони муассисаи мазкур аз ҳиммати баланди соҳибкор Ҳоҷӣ Ҷобир Бобоназаров хурсанд гардида, ба рояизҳори сипосу миннатдорӣ  меанмоянд.

Ногуфта намонад, ки сохтмони чунин иншоотҳо аз тарафи соҳибкорон ин саҳми бузург гузоштан дар рушду ободонии диёр ва кишвари азизамон мебошад.