РАФТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2026 таҷлил карда мешавад корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ҳамаи деҳаҳои ҳудуди ноҳия бо маром идома дорад. Дар ин радиф аз ҷониби ҷавонони фаъоли деҳаи Гулафшони Ҷамоати деҳоти Чоргул дар ҳамаи самтҳо корҳои созандагию бунёдкорӣ бо  маром идома дорад. Санаи 22 октябри соли равон сокинони деҳаи мазкур ҳама дастаҷаъмона ба ҳашари умуми баромада қисме аз соҳилҳои дарёе, ки аз ҳудуи деҳаи мазкур мегузарад мустаҳкам карда шуд. Амали мазкур дар доираи ташаббуси ҳизбии Якҷоя месозем роҳандозӣ карда мешавад.

Мақсад аз ин иқдоми наҷиб мустаҳкам намудани соҳилҳои дарё пеш фарорасии фаслҳои зимистону баҳор, ки боришоти зиёди борон ба чашм мерасад анҷом дода мешавад.