ИДОМАИ КОРҲОИ СОХТМОНИЮ ТАЪМИРИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади идома бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳм гузоштан дар пешрафти соҳаи маориф имрӯзҳо дар доираи ташаббусҳои ҳизбии “Якҷоя месозем” ва “Мактаби ман” дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷайҳун сохтмони иншоотҳои гуногун ва синфхонаҳои иловагӣ бо маром амалӣ гардида истодааст.

Ин навбат аз ҷониби аҳли ҷамоатчигии Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ ташаббуси мазкур амалӣ гардида, дар назди муассисаи таълимии деҳаи Озодӣ синфхонаҳои иловагӣ баҳри таҳсили босифати хонандагон сохта шудаистода, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Пас аз ба истифода додани синфхонаҳои мазкур норасогиҳои ҷои нишаст аз байн рафта, барои таҳсили хонандагон шароити хуби хонишро фароҳам хоҳад овард.