БИТОНПӮШ НАМУДАНИ РОҲИ ОРОМГОҲИ ДЕҲАИ НАВОБОД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо вусъати баланд идома дорад. Ин иқдоми созандагии сокинон  дар доираи аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" бо саҳми маҳал амалӣ карда мешавад. 

Бо ин мақсад аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии Чойхонаи  деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх тасмим гирифтанд, ки зиёда аз 200 метр роҳи мошингарди  оромгоҳи деҳаро бо паҳноии 3,5 метр пурра битонпуш намоянд.  Дар ҳашари дастаҷаъмона намояндагони сохтори ноҳиявии ҳизб аз ҷумла раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳматуллоев Мақсуд иштирок намуда, бо сокинони маҳаллаи мазкур суҳбат анҷом доданд. Иқдоми сокинони ватандӯсти деҳаро намояндагони ноҳиявии ҳизб бориз ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон барои ба мушкилот дучор нагардидани зиёраткунандагони солхурда аз ҷониби ҷавонони деҳа дар роҳи оромгоҳ дастқапак сохта шудааст, ки калонсолон метавонанд аз он васеъ истифода баранд.