АМАЛИШАВИИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳар як гӯшаи диёри Тоҷикистони азиз зери сиёсати ободкоронаву созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯз то рӯз зебову дилоро гашта, дар тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву роҳравҳо, гулгашту хиёбонҳо ҳар як аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳми шоёну шоиста мегузоранд.

Ин амали неку созанда масъулияти ҳар як фарди худшиносу меҳандӯстро баланд бардошта, дар роҳи рушд ва ободӣ саҳми ҳамаҷониба мегузоранд. Ҳар як аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Бахши фарҳанг” ва “Ҳунарҳои мардумӣ” дар тадбиқи аксияҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намуда, ободиву хуррамии диёрро рисолати азалии хеш мепиндоранд.

Бояд гуфт, ки дар доираи татбиқи барномаҳои ҳизбӣ, амалӣ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон миёни аъзоёни ҳизб, сокинони деҳаю маҳалла суҳбату вохӯриҳои судманд доир гардонида, мардумро ба роҳи созандагию бунёдкорӣ даъват менамояд, ки ин ҳам яке аз ҳадафҳои созандаи ҲХДТ мебошад.