БИЁЕД, КИТОБ МЕХОНЕМ! АЗ САБАБУ МАҚСАДИ КИТОБХОНӢ ТО ОДАТКУНИВУ ИНТИХОБИ КИТОБ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамаи далел шоири бузурги форсу тоҷик абдураҳмони Ҷомӣ китобро чун “Фуруғи субҳи доноӣ” ба қалам додааст. Инсон метавонад ба воситаи китоб бо адабиёту фарҳанг, сиёсат, иқтисодиёти мамолики зиёд ошно гардад, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд.

Масъулин ва кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ба китобхонаи марказии шаҳри Левакант барои хондани китоб ташриф овардаанд, ин иқдом ҳар ҳафта як маротиба сурат гирифта, китобҳои хондашуда таҳлилу муаррифӣ мегарданд.

Ҳамсафони азиз, Шуморо ҳар рӯзи ҷумъа дар китобхонаи марказӣ интизорем. Агар Шуморо китобхониро дӯст медоред, биёед китоб хонем.