Мо ва ҷаҳони муосир

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Гузори таърихи башарӣ нишон медиҳад, ки дар ҳар давру замон новобаста аз пешрафту тараққиёт, инсоният дучори мушкилиҳои гуногун мегардад, ки дар ҳаллу фасли он пеш аз ҳама, ҷомеаи саводманду маданӣ муваффақ шуда, бо кушоиши уқдаҳои иҷтимоӣ  ба пешрафтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ноил мегардад.

Агар аз ибтидои асри 21 муҳимтарин дастоварди башарият рушди саноату шаҳрсозӣ ва пешрафтҳо дар самти технологияи иттилоотӣ арзёбӣ гардад, пас дар ҳамин раванди ҷаҳонишавӣ ва бесарҳадии иттилоот пайдоиши гурӯҳҳои хатарноки террористиву экстремистӣ мушкили аввали инсоният маҳсуб меёбад. Зеро афроде зоҳиран шабеҳи одамизод бо  ваҳшониятҳои ногуфтанӣ арзишҳои инсонӣ ва дигар муқаддасотро аз байн бурдан мехоҳанд.
 

Мутаассифона, шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба фароҳам овардани дастрасии инсоният ба иттиллооту ҳаводиси олам нигаронида шудааст, вале василаи тарғиботии  гурӯҳҳои хатарзо аст ва асолатбохтагон бо интишори афкору андешаҳои ғайриинсонӣ мехоҳанд ба мафкураи баъзе ҷавонон таъсири манфӣ расонанд. Бинобар ин, дар баробари тақвият бахшидани дастгоҳи идеологӣ ҷиҳати мафкурасозӣ дар ҷомеа ва омодагии неруҳои ақлонӣ дар муқовимати идеологӣ бо гурӯҳҳои хатарнок, инчунин, баъзе кишварҳои пешрафта барномаҳои муосири таълимӣ тарбиявиро дар самти воқифгардонӣ ва  ташаккули ҷаҳонбинии ҷомеа рӯи кор оварда истодаанд.
 

Пӯшида нест, ки ҳарчӣ бештар соҳаҳои марбутаи мақомоти маҳаллӣ дар самти истифодаи оқилонаву мақсадноки воситаҳои иттилоотӣ чорабиниҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монад, аммо боз ҳам ба ташкили барномаҳои омӯзишӣ тариқи ВАО ва ба роҳ мондани маҳфилу чорабиниҳои амалӣ дар ин самт зарурат дорад. Илова бар ин хуб мешуд дар барномаи таълимии фанни информатика дар муассисаҳои таълимӣ мавзӯҳои вобаста ба пешгирӣ аз таъсири манфии алоқаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ илова карда шавад.
 

Маврид ба ёдоварист, ки ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва умуман мафкурасозӣ дар ҷомеа аз муҳимтарин тадбирҳои мураккабу пурмуаммо дар ҳама давру замон ба ҳисоб рафта, ҷиҳати ноил гардидан ба натиҷаҳои комил дар ин самт ҳатто ба кишварҳои қудратманди ҷаҳон муяссар нагардидааст. Дар ин баробар ифротгароён бо истифода аз сатҳи пасти донишҳои динӣ ва ҳуқуқиву сиёсии мардум ба хусус, ҷавононро ҳадаф қарор медиҳанд. Мутаассифона, баъзе нафарон, ки аз таъриху тамаддун, арзишҳои милливу фарҳангӣ ва дигар муқаддасоти миллату давлатӣ кам огоҳӣ дошта, аз лиҳози шуурнокӣ, ҷаҳонбиниву фаҳмишҳои динӣ ба қавле пӯхта нарасидаанд, фирефтаи ақидаҳои носолим мегарданд.
 

Илова бар ин, ташвиқоти идеологияи хатарзо бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва дигар усулҳои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа сурат гирифта, душманони инсоният аз номи дини мубини Ислом, аммо дар асл бо ташвиқоти ақидаҳои носолими хурофотпарастиву ифротгароӣ ҷавононро мағзшӯӣ мекунанд. Қобили зикр аст, ки Роҳбарияти Олии мамлакат нахустин шуда аз минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ оид ба покиву асли дини Ислом изҳори андеша намуда, таъкид доштанд, ки терроризм ва ифротгароӣ ҳеҷ иртиботе ба дини Ислом надоранд.
 

Бинобар ин, дар баробари тадбирҳои андешидаи ҳукумат ва давлати Тоҷикистон дар самти мубориза алайҳи падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир, ҳамзамон, вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди солимфикру ватандӯст аст, ки бо ҳисси садоқат ба халқу Ватани худ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ муқовимати устувор нишон диҳад. Вагарна, бетафовутӣ нисбат ба масоили таълиму тарбияи насли наврас ва тарғиби ғояҳои созанда  ба раванди пешрафту тараққиёти кишварҳо аз нуқтаи заъфи ҷомеаи башарӣ маҳсуб меёбад. Маҳз бо сӯйистифода аз ин мушкилоти ҷомеаҳо неруҳои фурсатталаб мардумро ба гурӯҳҳо табдил дода, миёни онҳо бадбинӣ, кинаю адоват ва фитна меангезанд, то дар оташи баҳсу низоъҳо нақшаҳои манфури худро амалӣ намоянд.
 

Дар ин фазои пуртазоду фитнаангези олами маҷозӣ аслан ҷавонони бесаводу ноогоҳе аз ҷониби қувваҳои бадхоҳ мағзшӯӣ мешаванд, ки ҳанӯз аз таҷрибаи рӯзгор баҳравар нагардидаанд. Вагарна итминон аст, ки насли шоҳиди ҳодисаҳои шаҳрвандии 1992 дар кишварамон дигар ба ҳеҷ ваҷҳ фирефтаи ифротгароёну ҳизбҳои террористӣ-экстремистӣ намегарданд.
 

Аз ин лиҳоз дар ҳоле, ки сол аз сол сатҳи иҷтимоии аҳолӣ беҳтар гардида, қариб тамоми шаҳрвандони ба синни балоғат расида, имкони дастрасӣ ба телефонҳои мобиливу хизматрасониҳои алоқаи интернетро доранд, бояд бо забондониву донишҳои сиёсӣ, огоҳӣ аз фарҳанги миллӣ омодаи муқовимат алайҳи гурӯҳҳои хатарзо бошанд. Чуное, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханрониҳояшон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ таъкид доштанд: “Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки ислом анҷом дода мешаванд, хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд”.
 

Пӯшида нест, ки дар баробари хатарҳои берунӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчунин, истифодаи аз меъёр беҳади интернет ва саргармии наврасону ҷавонон дар бозиҳои телефонӣ ба раванди таълиму тарбияи онҳо бетаъсир намондааст. Тавре равоншиносон изҳор медоранд, базе ҷавонон бар асари истифодаи аз меъёр зиёди телефону компутер, рафта-рафта ба олами маҷозӣ вобастагӣ пайдо намуда, аз ҳаёти ҷамъиятӣ дар канор мемонанд. Маҳз, иддае аз  ҷавонон ва ҳатто солмандон, ки табиатан камгапу ба гуфте дарундоранд, бештар ба телефони мобилӣ шабакаҳои иҷтимоӣ вобастагӣ пайдо мекунанд. Бинобар ин, назорати насли наврас ва ҷавонон дар самти истифодаи оқилонаву самаранок алоқаи интернет бояд аз сатҳи оила тақвият бахшида шавад. Падару модарон, ки хислатҳои фарзандонро беҳтар аз ҳама медонанд, барои пешгирӣ аз гирифтории фарзандон ба телефони мобиливу шабакаҳои иҷтимоӣ бояд масъулияти дучанд эҳсос намоянд. Зеро дар сурати аз ибтидои руҷуи фарзандон ба телефону шабакаҳои иҷтимоӣ бехабар монем, пас он, мурури ба одати маъмулӣ табдил ёфтани ҳузури онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дигар наметавон таваҷҷуҳи онҳоро ба таҳсили илму касбомӯзӣ ва меҳру маҳбубият ба фарҳангу арзишҳои хонаводагӣ ҷалб намуд.
 

Аз ин рӯ, аз ҳоли ҳозир бояд бо мақсади пешгирӣ аз мушкилиҳо ва хатарҳои зиёде, ки дар оянда инсониятро интизор аст, тадбирҳои ҷиддӣ андешид. Қобили зикр аст, ки бо таваҷҷуҳ ба рушди зеҳниву ҷисмонӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа  тайи солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаҳои маорифу фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ иқдомҳои бузургро амалӣ намуда истодааст. Дар ин росто, ҳар яки мо бо  ҷалби таваҷҷуҳи фарзандон ба илму ҳанаромӯзӣ, завқу рағбат ба машғулиятҳои варзишӣ ва сайёҳат ба мавзеҳои фарҳангиву таърихии кишвар роҳнамои онҳо ба ҳаёти солим бошем, ки ин роҳи боэътимоди пешгирӣ аз падидаҳои хатарзои ҷаҳони имрӯзу оянда хоҳад буд.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН,
“Ҳамрози халқ”