ПАРВАРИШИ БАНАН ДАР ГАРМХОНА

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар Тоҷикистон дарахти бананро дар баъзе хонаҳои мардум ва назди корхонаву ташкилотҳои давлатӣ дидан мумкин аст, ки онҳо танҳо барои зебоӣ шинонида шудаанд. Аксарият ба ин боваранд, ки ҳосил додани дарахти банан дар мамлакат имконнопазир аст. Вале имсол деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун ҳосили дарахтони банан ва папаяро мечинанд.

АЗ ӮЗБЕКИСТОН ТО ТОҶИКИСТОН

Барои омода кардани ин матлаб мо ба хонаи як тан сокини Ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун Маъруф Қаюмов рафтем, то бо вай суҳбат карда, тарзи парвариш ва нигоҳубини банан дар мамлакатро  барои Шумо хонандаи азизи нашрияи ҳизбии «Ҳамрози халқ» расонем.
 

Банан меваи серхаридор буда, нархи он дар бозорҳои мамлакат аз 3 то 5 сомонӣ арзиш дорад. Бо вуҷуди оне, ки Хатлон гармтарин вилояти Тоҷикистон ба шумор меравад, вале парвариши банан дар шароити гармхона имконпазир аст.
Қаҳрамони мо Маъруф Қаюмов, парвариши меваҳои тропикӣ, аз ҷумла банан ва папаяро дар гармхонаҳои шаҳри Тошканти Узбекистон дида буд. Тарзи парвариш ва нигоҳубини онҳоро аз бананпарварони узбекистонӣ пурсид ва 20 ниҳол харидорӣ карда, ба хонааш овард. Дар аввал чандон бовар надошт, ки ин навъи мева ба иқлими мамлакат мутобиқ буда, ҳосил медиҳад.
«Дар ноҳияи Ҷайҳун бештар лимӯ парвариш карда мешавад, албатта он ҳам дар шароити гармхона. Ману як ҳамсояам тасмим гирифтем, ки дар самти парвариши меваҳои тропикӣ навгонӣ ворид намоем. Медонистем, ки дар Ӯзбекистон чунин наъҳои мева парвариш мешавад. Рафтем аз наздик дидем ва ниҳол харидорӣ карда, овардем»,-нақл мекунад М. Қаюмов.

ҲАРОРАТИ ГАРМӢ ТО ЧАНД ДАРАҶА БОЯД БОШАД?

Ин бананпарвар мегӯяд, ки барои сабзонидани ниҳолони овардашудаи аз хориҷи кишвар бо бананпарварони узбекистонӣ ҳамеша дар гуфтугӯ буданд. Талош мекард, ки ҳатто як ниҳолаш хушк нашавад, зеро донаи онро бо нархи гарон харидорӣ кардааст.
Ба гуфтаи Маъруф Қаюмов ҳарорати гармхона дар сардиҳо рӯзона 28 ва шабона 18 дараҷа гарм бояд бошад. Дар сурати дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ ниҳолон метавонанд дар як сол то 3 маротиба ҳосил диҳанд. Ҳар як дарахти банан беш аз 200 дона ҳосил медиҳад. Ба дарахтон доруҳои азотӣ додан мумкин нест.

 

«Бештар пору додан лозим. Худамон аз барги дарахтону пӯсти сабзавоту мевагӣ ва каме поруи гов компос тайёр мекунем. Ғизонокии компос нисбат ба поруи гов бештар буда, ба дарахтони банан манфиатовар мебошад. Нозукии дигари дарахти банан ин аст, ки бештар об мехоҳад»,-ироа кард деҳқон.

Қаҳрамони мо дар гармхонааш як адад дарахти папая дорад, ки ҳосили хуб бастааст. Чунин навъи меваро ҳамроҳ бо ниҳолони банан барои таҷриба аз Ӯзбекистон овардааст. «Ман дар бозорҳои минтақаи Бохтар чунин навъи меваро надидам. Агар миқдори гармии гармхона фароҳам бошад, дарахти папая дар чаҳор фасли сол ҳосил медиҳад. Духтурон мегӯянд, ки папая барои бемориҳои фишорбаландӣ, диабети қанд ва саратон манфиатовар мебошад»-мегӯяд ӯ.

ҲАДАФ- РУШДИ МЕВАҲОИ ТРОПИКӢ

Баъд аз ҳосил додани дарахтон Маъруф Қаюмов боварии комил ҳосил кард, ки парвариши чунин меваҳои тропикӣ дар ноҳияи Ҷайҳун имконпазир аст ва ҳоло тасмим гирифтааст, ки шумораи ниҳолонашро зиёд карда, бананпарвариро дар мамлакат рушд диҳад. Инчунин, дар сурати ба фурӯш баровардан қимати онро дар бозори минтақа коҳиш диҳад. Феълан беш аз 50 ниҳоли банану папаяро дар қуттиҳои махсус сабзонида, барои фурӯш низ омода кардааст.
 

Маъруф Қаюмов, ягона манбаи даромади хонаводааш аз ҳисоби кори деҳқонӣ аст. То ба роҳ мондани парвариши меваҳои тропикӣ, гармхонаҳояшро ниҳолони сабзавотҳои барвақтӣ, аз ҷумла помидору қаламфури ширин ташкил медод. Мегӯяд кор дар гармхона каме душвор аст, хароҷот низ зиёд мешавад. Хариди плёнка, ангишт ва амсоли онҳо.
 

«Мо медонем, ки феълан вазъият дар Русия хуб нест, дар ватани худ назди зану фарзанд кор кардан беҳтар аст. Агарчи гармхонаҳоямон замонавӣ нест, вале кори деҳқониамон пеш рафта истодааст. Фарзандон бузург шуда истодаанд, ҳама аҳли хонавода шабу рӯз заҳмат мекашем. Имсол низ дар як гӯшаи гармхонаам ниҳоли помидору қаламфури ширин кишт кардаам»,-гуфт дар фарҷоми суҳбат Маъруф Қаюмов.

Амонҷон Муҳиддинов,
“Ҳамрози халқ”