НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲА

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

12 октябри соли ҷорӣ дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб дар нуҳ моҳи соли равон баргузор гардид.

Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро,  муовинони раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ва мудирони шуъбаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Нахуст, маҷлисро Саидзода Ҷамшед Ҳамро оғоз бахшида, оид ба рӯзномаи маҷлис, аз ҷумла ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти  Кумитаи иҷроияи вилоят дар нуҳ моҳи соли 2023, Ситоди “Обуна-2024” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ”, Ситоди “Сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Ситоди “30-солагии таъсисёбии ҲХДТ” ибрози андеша намуд.
 

Сипас, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Гулмуродзода Қумринисо оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи вилоят ва кумитаҳои иҷроия дар  шаҳру ноҳияҳо бо натиҷагирӣ аз Рейтинги ҳизбӣ ҳисобот дода, зикр намуд, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо бо мақсади татбиқи босамари ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, ҳамчунин дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд.
 

Мавриди зикр аст, ки  бо ташаббуси  кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо ва дастгирии аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ташкилотҳои ибтидоӣ дар якҷоягӣ бо соҳибкорони ватандӯст 668  километр роҳҳои байни кӯчаҳо сангфарш ва 343 километр роҳҳо мумфарш гардида, 281 ҳазору 184 ниҳол шинонида шудааст.

Дар доираи Амалиёти муштараки ҳизбӣ таҳти унвони  “Мактаби ман” бо иштироки 62019 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии солҳои хатмашон гуногун дар 4 ҳазору 274 муассисаи таълимӣ вохӯриҳо доир карда шуда, вобаста ба бартарафсозии камбудиҳои ҷойдоштаи муассисаҳо суҳбату вохӯриҳо анҷом дода шудааст. Дар ин давра бо дастгирии  собиқ хатмкардагони муассисаҳои таълимӣ ба маблағи 2 миллиону 242 ҳазору 367 сомонӣ ҷиҳати бунёди синфхонаҳои иловагӣ, таъмиру азнавсозӣ ва таъмини  муассисаҳои таълимӣ бо мизу курсиҳо, тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо  корҳо анҷом дода шуд.
 

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб дар идома афзуд, ки дастгирии гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ аз вазифаҳои хосаи сохторҳои ҳизбӣ ва аъзои саховатпешаи ҳизб ба ҳисоб меравад, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст.
 

Тибқи иттилоъ сохторҳои ҳизбӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон бештар фаъолиятро дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ, ҳамзамон аз худ кардани донишу ихтисосҳои замонавӣ ва интихоби касбҳои ба худ муносиб равона кардаанд.

Дар ин давра бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ гардида, дар ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои марбута дар қисмҳои ҳарбии дар ҳудуди вилоят воқеъбуда чорабиниҳои фарҳангӣ ва боздиди хонандагони синфҳои болоӣ ва ҷавонон аз шароити хизмати ҳарбӣ ташкил карда шуд.  
 

Дар нуҳ моҳи сипаригардида бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳимояи марзу буми кишвар дар 4 қисми низомии ҳудуди вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва таблиғотию ташвиқотӣ  гузаронида шуд.
 

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, собиқадорон ва бо ҷалби омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон  Конференсияи ҳизбӣ таҳти унвони “Истиқлоли давлатӣ - бузургтарин ва муқаддастарин неъмат”доир гардид.  
 

Ҳамчунин, дар натиҷаи  бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ  миёни сокинон то имрӯз аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 154 нафар шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар сохтмони иншооти ҶСК НБО “Роғун” ба кор ҷалб карда шудаанд.

Дар идомаи маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро аз фаъолияти кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо дар нуҳ моҳи соли равон ва фаъолияти ситодҳои дар болозикргардида ва сафарбаркунии шаҳрвандон барои кор ба НБО-и Роғун бори дигар ёдовар шуда, барои боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ ба раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас дод.
 

Дар қисмати ҷамъбастии маҷлис аз рӯйи Рейтинги ҳизбӣ фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ карда шуда, ҷойи сеюм насиби шаҳри Бохтар, ҷойи дуюм ноҳияи Ёвон, ҷойи якум ва “Ҷоми сайёр” насиби ноҳияи Фархор гардид. Ҳамзамон, корманди Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон Умеда Акрамзода барои фаъолнокӣ дар ҷамъбасти нуҳмоҳа дар самти сарпарасти кумитаҳои иҷроия дар шаҳрҳои Бохтару Левакант бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуд.
Зебо ИКРОМЗОДА,
“Ҳамрози халқ”