ТАҲЛИЛИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргон дубора эҳё гардид ва аз соли 2009 инҷониб ҳар сол дар фасли тирамоҳ дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу тантана ҷашн гирифта мешавад.

Ба таъкиди Пешвои миллат, “Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст”.
 

Бо иштироки узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Хуросон ҷашни Меҳргон таҷлил гардид.

Зимни суханронӣ  Давлаталӣ Саид фарорасии ҷашни Меҳргонро, ки рамзи ҳаёти осоишта, фаровонии ҳосил, файзу баракати зиндагии мардуми мост ва иди деҳқонону кормандони соҳаи кишоварзӣ маҳсуб мегардад, ба кулли сокинони шарафманди вилояти Хатлон самимона табрик гуфт.
 

Зикр гардид, ки ҷашни Меҳргон ҳамчун иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накукорӣ, тантанаи ранҷи кашидаи барзгарон аст, ки ниёгони мо дар мавсими ҷамъоварии ҳосил таҷлил мекарданд. Бинобар ин, Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.
 

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид гуфт, ки кишоварзони қавииродаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар заминаи таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат соли равон бо истифода аз имконияту шароитҳои мавҷуда заминро мақсаднок истифода бурда, ҳосили фаровон ба даст оварданд.
 

Дар доираи таҷлил аз ҷашни Меҳргон дар маркази ноҳия намоиш-фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардида,  сокинон тавонистанд бо нархҳои дастарас молу маҳсулоти ниёзи аввалияро харидорӣ намоянд.

Шуъбаи иттилоотию  таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон