Аз ҳисоби соҳибкор ва вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Саломатӣ гавҳари бебаҳост. Барои инсон аз ҳама чиз қимматтару аз ҳама чиз болотар ин саломатӣ меистад. Зеро агар саломатӣ набошад, барои инсон хурмаҳои зар ҳам ночиз аст.

Аз ин рӯ дар кишвари азизамон, хусусан дар ноҳияи Ховалинг ба ин соҳа диққати бештар зоҳир гардидааст. Яъне дар қатори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулини соҳаи тандурустӣ соҳибкоррони бонангу ори ноҳия низ пайи сохтмони иншоотҳои соҳаи тандурустӣ ва барқарору нигоҳ доштани саломатии сокинон мебошанд.

Ҷобир Бобоназаров (Ҳоҷӣ Ҷобир), соҳибкори муваффақу саховатпеша, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз зумраи хайрандешону ватандӯстоне мебошад, ки мунтазам пайи анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ буда, баҳри рушду пешрафти диёр саҳми муносиби худро мегузорад.

Ин шахсияти бонангу ор ва ватандӯсти ноҳия дар деҳаи Таги Ҷар Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт бинои бунгоҳи тиббирпо сохта, мавриди истифода қарор дод, ки боиси руҳбаландиву хушбахтии аҳли сокинони деҳаи мазкур гардид.

Ногуфта намонад, ки сокинони деҳаи Таги Ҷар солиёни зиёд буд, ки орзӯи соҳиб шудани бунгоҳи тиббиро доштанд. Зеро дар мавриди ба ягон беморӣ дучор шудан ва ё эҳтиёҷе ба табибон доштан ба маркази ноҳия ва ё Ҷамоати джеҳоти Лоҳутӣ сафар мекарданд, ки ин барои эҳтиёҷмандон маблағи гаронро талаб мекард.

Аммо имрӯз мушкилӣ бо ташаббуси соҳибкор, Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг, аъзои ҲХДТ  Ҳоҷӣ Ҷобир Бобоназаров ҳалли худро ёфт.

Сокинон дар муҳлати кутоҳ ва бе ягон хароҷот эҳтиёҷоти худро бароварда сохта, дар андак бетобӣ ба кормандони соҳаи тиб муроҷиат менамоянд ва баъд аз муолиҷа ҳатман дар ҳақки арвоҳони Ҳоҷи Ҷобир Бобоназаров дуои хайр намуда, ба ин соҳибкори номдору муваффақ барору комёбиҳо таманно менамоянд.