ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН БА МАНФИАТИ ЗИНДАГӢ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рушди соҳаи кишоварзӣ барои таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии кишвар бо маводи хӯрока тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат менамояд.

Дар ин замина тамоми масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, тибқи дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ, ҷиҳати пешбурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ, вобоста ба афзоиш додани маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи хӯрока, истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои корам ва наздиҳавлагию президентӣ, ҳамарӯза бо усули “Хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонанд.