САҲМИ СОКИНОН ДАР ОБОДИИ ВАТАН

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар ва мақомотҳои болоӣ бо иштироки кормандон ва сокинони ноҳияи Муъминобод баҳри ободии маҳал ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва гирду атрофии корхонаву муассисаҳои давлатӣ, инчунин ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии диёр ва таҷлил аз 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагиву бунёдкориро ба роҳ мондаанд.

Сокинони ноҳияи Муъминобод ифтихор аз он мекунанд, ки имрӯз дар як фазои орому осуда зиндагӣ ва таҳсил намуда истодаанд. Аз ин рӯ, ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки бо омӯзиши илму дониш ва техникаву технологияи замони муосир баҳри ободиву пешрафти ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро гузоранд.