БАҲРИ ОБОДИИ ДИЁР ЗАҲМАТ БОЯД КАШИД !

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Шукри сулҳу субот ва тинҷиву оромии Ватани азизамон боис мегардад, ки сокинони  кишвар бо як дили гарму табъи болида дар ободу зебо ва тозаю хуррамгардонии  кӯчаву роҳравҳо, бинову иншоотҳои маъмурию хусусӣ сайъи худро дареғ надошта, ба зебогии кӯчаву маҳали худ симои нав  замъ намуда истодаанд.

Дар ин росто сокинони ноҳияи баландкуҳи ноҳия низ аз фурсат барояшон муносиби рӯзҳои тирамоҳи заррин самаранок истифода бурда, дар корҳои бунёдкорию созандагӣ саҳм гузошта истодаанд.

Бо ин мақсад соҳибкорони ноҳия баҳри ободу зебо гардонидани симои зоҳирии муассисаҳои худ софдилона заҳмат кашида истодаанд.

 

     Суратгузориш  аз  ҷараёни  ободу  зебо  гардонидани  ноҳия: