ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ РОҲИ ОРОМГОҲИ ДЕҲА

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо вусъати баланд идома дорад. Ин иқдоми созандагии сокинон  дар доираи аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" бо саҳми маҳал амали карда мешавад. 

Бо ин мақсад сокинони деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх тасмим гирифтанд, ки роҳи мошингузари оромгоҳи деҳаро пурра аз таъмири ҷори  бароварда сангфарш намоянд. Мақсади асосии ин иқдом бартараф кардани мушкилии зиёраткунандагон дар фасли сармо мебошад. Дар ҳашари дастаҷаъмона намояндагони сохтори ноҳиявии ҳизб иштирок намуда, бо сокинони маҳаллаи мазкур суҳбат анҷом доданд. Иқдоми сокинони ватандӯсти деҳаро намояндагони ноҳиявии ҳизб бориз ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.