ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ-БАҲРИ БУНЁДКОРИВУ САРСАБЗИИ ДИЁР

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Корҳои созандагию бунёдкорӣ, дастоварду пешравиҳои имрӯзаи мардуми шарифи тоҷик ҳиссиёту масъулияти баланди худшиносию ватандӯстӣ бори дигар аз он гувоҳӣ  медиҳанд, ки мо бо роҳи дуруст равонем ва боварии комил дорем, ки бо роҳи ҳидоятнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона меҳнат намуда, ба мақсади наҷиб, ободию шукуфоии Ватани азизамон хоҳем расид.

Вазифаи муқаддаси мо, аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин давраҳои ҳассоси таърихи аз он иборат аст, ки насли ҷавони имрӯзаро дар руҳияи баланди ватандустию хештаншиноси тарбия намуда,  сулҳу ваҳдат, ягонагӣ ва якпорчагии Ватани азизамонро чун гаҳвараки чашм ҳифз намоем ва рушди босуръати иқтисодиётро таъмин созем.