Таъмини нафақаи ҳизбӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии ҲХДТ яке аз ташаббусҳои ҳизбӣ, ки дастгирии маъюбону барҷомондагон мебошад, аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар амал татбиқ карда шуд. Дастгириву ғамхорӣ зоҳир намудан ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла маъюбону барҷомондагон, камбизоатон, ятимон ва ниёзмандон яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор меравадИмрӯз аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ ба як нафар модари маъюби гуруҳи якум Раҳмонов Наҳтулло сокини ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия, нафақаи ҳизбӣ дода шуд. Аз ин амали нек пайвандону наздикони Раҳмонов Наҳтулло хушҳол гардида, барои чунин ғамхориҳо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минатдории самимона иброз намуданд.