КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нохияи Абдураҳмони Ҷомӣ тибқи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Тозагии маҳал» ҳар рӯзҳои шанбе дар ташкилотҳои ибтидоии назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳия корҳои ободонӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳашари умумӣ баргузор мегардад. Ҳамзамон, дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” дар Муассисаи томактаби №4 ҷиҳати амалишавии корҳои ободонӣ корманди масъули Кумита Баротова Зинат бо аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” суҳбату вохӯрӣ доир намуда, ҳозиринро ба корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят намуда, бо ҳамроҳии аъзоён гирду атрофи муассисаи мазкурро дастаҷамъона тоза ва озода намуданд.