КОРРУПСИЯ – ЗУҲУРОТИ ХАВФНОКИ ЗАМОНИ МУОСИР

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Коррупсия падидаи номатлуб ва аз ҷиноятҳои хатарнок буда, ба амнияти кишвар, суботи ҷомеа, рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, ҳолати қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ таҳдид менамояд. Аз ин лиҳоз, муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ба шумор рафта, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия пайваста талош меварзанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди коррупсия як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ таҳияву қабул гардида, инчунин мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсия таъсис дода шудааст.  
 

Чунончӣ, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2007, таҳти № 143 бо мақсади вусъат додани мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратию ревизионӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидашуда ва ҳамоҳангсози мубориза бар зидди коррупсия таъсис дода шуда, низомномаи он тасдиқ гардид. Дар ин иртибот, вазифаҳои собиқ Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, сохторҳои мубориза бар зидди коррупсия ва ҳуқуқвайронкуниҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ба ваколати агентӣ вогузор шуданд.
 

Бо мақсади танзими фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия қабулу ҷонибдорӣ шуда, 20-уми марти соли 2008, таҳти № 374 аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Қонуни зикргардида вазъи ҳуқуқӣ, низом, сохтор ва ташкили фаъолият, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо, хизмат дар мақомот, ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ, таъминоти молиявӣ, моддию техникии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.
 

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, инчунин, дигар вазифаҳоеро, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд.
 

Бо сабаби он ки дар шароити муосир коррупсия ҳамчун зуҳуроти хатарнок ба рушди давлат таъсири манфӣ мерасонад, дар мамлакат мубориза бар зидди он самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон шудааст. Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми апрели соли 2008 қайд намуданд: «Бо дарназардошти он, ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мо мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи онро ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил додаем».
 

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 24-уми апрели соли 2010 бо мақсади аз тариқи қонунгузорӣ пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ тавассути гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии қонунҳо, баланд бардоштани сифати қонунҳо ва татбиқи самарабахши онҳо махсус таъкид гардид.
 

Дар натиҷа, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия қабулу ҷонибдорӣ ва 28-уми декабри соли 2012, таҳти № 925 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардид. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо мақсади дар онҳо ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва андешидани чораҳо ҷиҳати бартараф намудани ин омилҳо ва дар маҷмуъ, низоми пешгирии коррупсияро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа танзим менамояд.
 

Бояд иброз намуд, ки барои тақвият бахшидан ба ҷараёни муқовимат бо коррупсия 30-юми апрели соли 2010, таҳти №864 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми сентябри соли 2010, таҳти №431 Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 тасдиқ гардид. Афзун бар ин, 14-уми декабри соли 2010, таҳти №968 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва низомномаи он тасдиқ карда шуд. Шӯрои миллӣ мақоми машваратӣ, ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои амалигардонии чораҳои муқовимат ба коррупсия мебошад.
 

Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади мусоидат ба қабул ва таҳкими чораҳое, ки ба пешгирии судманд ва таъсирноки коррупсия ва мубориза бар зидди он нигаронида шудаанд, 31-уми октябри соли 2003 Конвенсия бар зидди коррупсияро қабул намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конвенсияи мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ кард. Биноан, Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳое, ки аз Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи мубориза бар зидди коррупсия бармеоянд, иҷро менамояд. Вобаста ба ин Президенти мамлакат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми апрели соли 2011 махсус қайд карданд, ки «Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд саҳми Тоҷикистонро дар иҷрои уҳдадориҳое, ки аз Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид доир ба мубориза бар зидди коррупсия бармеоянд, мусбат арзёбӣ намудааст».
 

Бояд хотирнишон сохт, ки тибқи тартиби муқарраргардида бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2008, таҳти № 34 «Стратегияи мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» қабул гардид. Стратегияи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати барномавии сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия муайян намуд.
 

Бинобар анҷом ёфтани муҳлати «Стратегияи мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми апрели соли 2013 масъалаи таҳия ва пешниҳод намудани «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро ба миён гузоштанд ва барои таҳияи он Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар субъектҳои муқовимат ба коррупсия вазифадор гардиданд.
 

Дар натиҷа, тибқи тартиби муқарраргардида бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, таҳти №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» тасдиқ карда шуд. Стратегияи мазкур ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, барои паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия шуда, дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ гардид.
 

Мутаассифона, ҳоло низ дар мамлакат мушкилоти коррупсия ҳалли пурра наёфтааст. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон санади сеюм дар самти муқовимат ба коррупсия таҳия ва қабул карда мешавад. Чунончӣ, тибқи тартиби муқарраршуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, таҳти № 222 «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардид, ки мақсад ва вазифаи асосии амалисозии он аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ, паст кардани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.
 

Хулоса, пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, кори як мақомот ва ё сохторҳои дахлдори мубориза бар зидди коррупсия набуда, кори дастаҷамъист, яъне дар ин самт бояд, ки ҳар як сокини кишвар ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ саҳмгузор бошанд. Ҳамчунин, субъектҳои ба коррупсия муқовиматкунанда, бахусус, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки ҷиҳати аз байн бурдани сабабу омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, ташаккули фазои оштинопазир нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб ва баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон пайваста чораҳои дахлдор андешанд.

Фирӯз Сайнозимзода, корманди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ