ЛЕВАКАНТ. ҲАМКОРИҲОИ ИБРАТОМӮЗ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Ҳамкориҳои густурдаи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз муҳимтарин зарфият дар фаъолияти ин неруи сиёсӣ ва пешбарандаи ҷомеа дар татбиқи барномаҳои ҳизбӣ арзёбӣ мегардад, ки аз сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти Олии мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Фаъолияти назарраси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, ки тибқи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳаи соли ҷорӣ аз рӯи самтҳои гуногун дар сафи пешоҳангон қарор дорад, бо шарофати ҳамкориҳои густурдаи ҳизбиён бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ марбут аст. Мавриди зикр аст, ки аз замони ба вазифаи раиси шаҳри Левакант таъйин гардидани Бунафша Файзиддинзода ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр маҷрои тоза пайдо намудааст, ки ин дар баробари амалисозии ҳадафҳои муҳим дар самти тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, ҷалби ҷомеа ба иқдомҳои ободониву созандагӣ ҳисси масъулиятшиносии аъзои ҳизб ба хусус, кадрҳои аъзои ҲХДТ-ро дар иҷрои содиқонаи вазифаҳои бар зиммадоштаашон баланд мебардорад.

Бинобар гуфтаи Олимзода Низора, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ да шаҳри Левакант тибқи натиҷагириҳо аз ҷамъбасти фаъолияти кумитаи иҷроияи мазкур дар 9 моҳи соли 2023 шумораи аъзои ҳизб дар шаҳри Левакант ба 5564 нафар мерасад, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 876 нафар зиёд мебошад. Сол аз сол афзудани сафи аъзои ҲХДТ аз ҳисоби бонувони шаҳри Левакант далели рӯшанӣ фаъолгардонии занону духтарони лаёқатманд дар фаъолиятҳои ҷамъиятиву сиёсӣ арзёбӣ мегардад, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва тарбияву дастгирии кадрҳои ҷавон таваҷҷуҳи беандоза доранд.
 

Яке аз омилҳои муҳими дастоварду фаъолияти назарраси ҳизбиён дар шаҳри Левакант ин ба ҳайси узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр масулияти ҷиддӣ зоҳир намудани раиси шаҳри Левакант Бунафша Файзиддинзода дар самти татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб ва дастуру супоришҳои Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мегардад. Бо дарназардошти моҳияти дастрасии сокинон ба матбуоти даврӣ ба вижа нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ”, ки дар инъикоси сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои пешбарандаи ҷомеа, тарбияи ватандӯстиву ҳисси ифтихор аз ҳувияту миллату ватандорӣ ва таҳрики ҷомеа ба иқдомҳои ободониву созандагиҳо дар Ватан нақши пешоҳангӣ доранд. Сол аз сол теъдоди хонандагони матбуоти даврӣ аз ҳисоби аҳолии шаҳри Левакант меафзояд, ки ҷараёни обуна ба ин нашрияҳо далели гуфтаҳои болост.
 

Хушбахтона, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафҳои ояндасози Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир дар самти рушди соҳаи саноати шаҳри Левакант тадбирҳои зиёде андешида шудааст. Дар заминаи ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати бунёду азнавсозии корхонаҳои муҳими саноатӣ солҳои охир дар шаҳри Левакант корхонаҳои хурду бузург мавриди истифода қарор дода мешаванд, ки дар баробари рушди истеҳсолот ва ғанисозии буҷети маҳаллӣ, ҳамзамон бо фароҳам гардидани ҷойҳои нави корӣ сокинони маҳаллӣ ҳамчун намояндаи синфи коргар ба узвияти ҲХДТ пазируфта мешаванд. Аз ҷумла дар соли ҷорӣ бо оғози фаъолияти истеҳсолии Корхонаи азими нуриҳои Азотӣ, ки айни замон зиёда аз 1000 коргар дорад, бо ташаббуси фаъолони корхона ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Азот” таъсис ёфт. Ҳамчунин, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз ҳисоби кормандони Корхонаи истеҳсоли сементи Ширкати “Рушди Хатлон”, НОБ “Сарбанд”, Филилали ҶСК “Ориёнбонк” дар шаҳри Левакант, “Беморхонаи марказӣ” дар пешрафту дастовардҳои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Левакант нақши муҳим мебозанд, - иброз медорад Низора Олимзода.
 

– Чун дар дигар шаҳру навоҳии кишварамон имрӯзҳо дар шаҳри Левакант бо иқдоми аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ даҳҳо иншооти таъйиноти гуногун бунёду мавриди истифода қарор дода шуда, роҳҳои маҳаллӣ сангфаршу мумфарш мешаванд. Бо итминону боварӣ метавон гуфт, ки бо нишони ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои ояндасози Сарвари давлат ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ симои  шаҳраку  деҳоти  навоҳии  дурдас-ти Тоҷикистони азизамон ҳам ҳусну шаҳомати дигар пайдо мекунанд.
Фаъолони ҳизби пешоҳанги ҷомеа аз таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи раиси шаҳри Левакант Бунафша Файзиддинзода руҳу илҳоми тоза гирифта, саъю кӯшиш доранд, ки бо дастоварду натиҷаҳои баланд ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб ва пешниҳоду дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои замонавӣ дар раддабандии Рейтинги ҳизбӣ мақоми аввалро соҳиб гарданд.

 

Тавре Олимзода Низора иброз медорад, ҳамкории зичу ҳамбастагии ҳизбиён бо мақомоти маҳаллӣ асоси пешрафту муаррифии ҲХДТ дар ҷомеа маҳсуб ёфта, ҳар нафари мо фаъолону аъзои қатории ҳизбро водор месозад, ки ҷиҳати баланд бардоштани обрӯву мақоми ҳизб миёни мардум нақше гузошта бошем. Қобили зикр аст, ки бо мақсади таҳрик бахшидан ба фаъолияти ҳизбиён ва пешниҳоду маслиҳатҳои судманд роҳбарияти шаҳри Левакант ҳар сари вақт ба Кумитаи иҷроия шаҳрии ҳизб ташриф оварда, аз натиҷаҳои фаъолияти гуногунҷанбаи ҳизбиён пурсон мешавад. Аз ҷумла, чанде пеш зимни дидору суҳбат бо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант раиси шаҳр пешниҳод намуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 35 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбиён ҳам бо ризоияту дастгирии мақомоти болоии ҲХДТ барои бунёди бинои наву замонавии мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ иқдом хоҳанд гирифт.
 

Умуман, ҳизбиёни шаҳри Левакант бо қаноатмандӣ аз таваҷҷуҳу дастгирии роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии шаҳр руҳу илҳоми тоза гирифта, дар иҷрои дастуру супоришҳо ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат ҷидду ҷаҳд намуда, баҳри муаррифии ҳизб миёни мардум ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба корҳои ободонӣ ва рушду пешрафти Ватани азиз нақши арзандаи худро хоҳанд гузошт, изҳор дошт дар фарҷоми суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН,
 “Ҳамрози халқ”