БОХТАР СИМОИ ХУДРО ДИГАР МЕКУНАД

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар сохт-мони даҳҳо бинову иншооти таъиноташон гуногун бо маром идома дорад. Дар доираи чунин тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ симои шаҳр дигар гардида, ҷойҳои нави корӣ фароҳам мегардад. Масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар азм доранд, ки 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои хубӣ меҳнатӣ истиқбол мегиранд.

Ҳамин аст, ки имрӯзҳо қариб дар ҳама гӯшаву канори шаҳр сохтмони хонаҳои баландошёна, меҳмонхонаву  иншоотҳои маишӣ ва корхонаҳои саноатӣ вусъати тоза касб намуда истодаанд. Исроил Займуддинов, як сокини шаҳр чунин тозакориҳоро дида, хушҳол шудааст ва мегӯяд Бохтар ҳам дар ҳоли рушду тараққӣ аст.
 

«Шаҳр аз деҳот бо доштани биноҳои баландошёна фарқ мекунад. Солҳои пеш чунин биноҳо дар шаҳри Бохтар хеле кам буданд. Имрӯз сари ҳар қадам иншоотҳои рангоранг намоён шудаанд, ки симои шаҳр дигар шудааст. Албатта бояд чунин бошад. Зеро саёҳони хориҷӣ зиёд ба вилояти Хатлон сафар мекунанд, ки нахуст аз маркази вилоят дидан мекунанд.»,- мегӯяд И. Займуддинов.
Дар ҳамин ҳол Валиҷон Ятимзода, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар мегӯяд, ки тибқи нақша-чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар 270 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки 65 адади он ба соҳаи нақлиёт ва роҳ, 58 адад ба соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, сохтмон 75 адад, маориф 16, биноҳои маъмурӣ 10, тандурустӣ 5, варзиш 5, фарҳанг 5, кишоварзӣ 5, коммуналӣ 7 адад ва дигар бинову иншоотҳо 6 ададро ташкил медиҳанд, ки ба ҳолати якуми октябри соли 2023 102 адади онҳо мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки 38 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

 

«Сол аз сол бо сохта шудани биноҳои наву замонвӣ ва таъмиру азнавсозии кӯчаву хиёбонҳо симои шаҳр тағйир ёфта истодааст. Маорифу тандурустӣ аз соҳаҳои меҳварии ҷомеа ба шумор мераванд, ки дар дои-раи тадбирҳои созандагӣ сохт-мони муассисаҳои таълимию синфхонаҳои иловагӣ ва таъмиру азнавсозии онҳо низ бо маром идома дорад. Бояд гуфт, ки ин ҳама дастовардҳо самараи Истиқлоли давлатӣ мебошад»,- мегӯяд Валиҷон Ятимзода.

Лозим ба ёдоварист, ки  чунин созандагиҳо бо ташаббуси мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сар-моягузорӣ амалӣ карда мешаванд. Ба гуфтаи Валиҷон Ятимзода танҳо дар соли 2023 70 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки дар доираи имкониятҳои ба даст омада, шумораи онҳо ба 81 адад расонида шуд, ки бо сифати хуб ва талаботи имрӯзаи шаҳрдорӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.
 

Чанде пеш бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар меҳмонхонаҳои «Ватан» ва «Boshidan» ба истифода дода шуданд. Иншоотҳои мазкур дар доираи вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст. Корҳои сохтмонии биноҳои мазкур аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ анҷом дода шудаанд.
 

Тибқи иттилои масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар чанде пеш Вазири корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар ба кори сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои кормандони милитсия санги асос гузоштанд.
 

Бинои мазкур 7 ошёна буда, дар ошёнаи аввал Маркази савдо ва хизматрасонӣ низ фароҳам оварда мешавад. Иншооти мазкур дар доираи нақша -чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд. Зимни гузоштани санги асос ба сохтмончиён таъкид карда шуд, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланди меъморӣ анҷом дода шуда ва дар муҳлати муайяншуда ба сомон расонида шавад.
 

Ба иттилои Валиҷон Ятимзода, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар соли равон бо ташаббуси фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, соҳибкорону ашхоси саховатпеша 2,3 километр роҳҳои ҳудуди шаҳр пурра мумфарш шуда,феълан дар 1,6 километри дигар корҳои мумфаршкунӣ идома дорад.

Амонҷон Муҳиддинов,
«Ҳамрози халқ»