НИШОНДИҲАНДАИ РУШДИ МИНТАҚАВӢ 8,2% АФЗОИШ ЁФТААСТ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

10 октябр, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, раиси вилоят Давлаталӣ Саид маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли 2023 баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятию минтақавӣ иштирок доштанд.
 

Маҷлисро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар давраи ҳисоботӣ ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён гардидаанд ва дигар қарору супоришҳои Ҳукумати кишвар вобаста ба рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят равона шудааст.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ва бо истифода аз захираю имкониятҳои мавҷуда дар вилоят шароит муҳайё гардид, ки нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст карда шаванд.
 

Раиси вилоят афзуд, ки сарфи назар аз вазъи душвори иқтисодӣ, дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати ғанисозӣ ва ҷамъоварии андозҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ гардид, ки барои таъмини қисми даромади буҷет мусоидат намуд.
 

Дар ҷаласа ҳисоботи муовини раиси вилоят Акрам Сулаймонзода оид ба нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ шунида шуд. Зикр шуд, ки дар 9 моҳи соли 2023 нишондиҳандаи кутоҳмуҳлати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 23 миллиарду 655,9 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоиз афзоиш ёфта, дар маҷмуи нишондиҳандаҳои кутоҳмуҳлати рушди иқтисодӣ 26,3%-и ҳиссаи ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
 

Дар ин давра нақшаи андоз бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103,6% таъмин гардида, ба буҷет 1 миллиарду 745,2 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбати нақшаи тасдиқгардида 60,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Қайд гардид, ки саҳми шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Шамсиддини Шоҳин, Темурмалик, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ, Балҷувон, Данғара, Дӯстӣ, Шаҳритус ва Восеъ дар иҷрои нақшаи андозҳо чашмрас буда, масъулини ин шаҳру ноҳияҳо нақшаи қисми даромади буҷетро сари вақт таъмин ва маблағҳои барзиёди буҷетро барои хуррамгардонию боз ҳам зебо гардидани симои шаҳраку деҳаҳо, сохтмону таҷдиди роҳҳо, чароғонкунӣ ва дигар ободкориҳо равона карданд.

 

А. Сулаймонзода дар идома афзуд, ки дар вилоят соҳибкорӣ рушд ёфта, ба ҳолати 1 октябри соли 2023 шумораи соҳибкорон ба 107998 нафар расида, аз ҳисоби патенту шаҳодатномаҳо ба буҷети шаҳру ноҳияҳо 81,5 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст.
- Дар самти сармоягузорию соҳибкорӣ мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолони вилоят ва дастуру супоришҳои баёндоштаашон ба тақвиятёбии нишондиҳандаҳо ва рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшиданд, - гуфт муовини раиси вилоят. - Дар ин давра ба вилоят 50,1 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 45,6 миллион доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, ба қаламрави вилоят беш аз 1,5 миллиард доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 1,4 миллиард доллари он сармояи мустақими хориҷӣ мебошад. Ба вилояти Хатлон аз 28 давлати хориҷӣ сармоя ворид гардида, бештари маблағҳо ба давлатҳои Россия (40,1%), Чин (38,1%), Эрон (18,1%) рост меояд.

 

Дар доираи дастуру супо-ришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ дар майдони 22054 гектар, аз ҷумла 11616 гектар байни боғу токзорҳо, 5717 гектар чарогоҳ, 2109 гектар заминҳои партов ва 2612 гектар заминҳои зери сохтмони мелиоративӣ қарордошта кишти зироатҳои гуногуни кишоварзӣ гузаронида шуд, ки ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ мусоидат намуд.
 

Пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба шумор рафта, кишоварзони вилоят дар майдони 123251 гектар кишти пахта гузаронида, дурнамои кишти онро 100 фоиз таъмин намуданд. 9500 гектари онро бо истифода аз технологияи муосир, яъне зери плёнка кишт кардаанд, ки ҷиҳати баланд гардидани ҳосилнокӣ мусоидат намуд. Аз майдони киштшуда ба ҳолати 8 октябри соли ҷорӣ 134051,6 тонна ҳосили “тиллои сафед” ҷамъоварӣ гардид.
 

Дар асоси маълумоти оморӣ, аз ҳудуди вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар 7576,0 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 5749 тонна таввасути нақлиёт, ҳавопаймо, 1914 тонна тариқи роҳи оҳан ба берун аз ҷумҳурӣ, асосан ба Федератсияи Россия, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Покистон ва Белорус содирот карда шудааст. Ба хориҷи кишвар асосан 2143,5 тонна сабзавот, аз ҷумла 1956,3 тонна пиёз, 718,5 тонна полезиҳо, 2900,8 тонна мевагиҳо, лимон, 1555 тонна ангур ва 113 тонна дигар маҳсулот содирот шудааст. Ғайр аз ин, тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 64935 тонна маҳсулоти кишоварзии Хатлон содирот карда шуда, дар маҷмуъ 72511 тоннаро ташкил медиҳад.
 

Дар доираи имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи моҳипарварӣ диққати махсус зоҳир карда шуда, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 315 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 адад зиёд мебошад. Ба ин хоҷагиҳо ба масоҳати умумии 2339,5 гектар кӯлу ҳавзҳо вобаста гардида, ба ҳолати 1 октябри соли равон ба миқдори 1835,6 тонна моҳӣ истеҳсол шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 301,4 тонна зиёд мебошад.
 

Айни ҳол дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ 2 миллиону 724,7 ҳазор дона моҳича парвариш гардида истодааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 561,9 ҳазор донна зиёд буда, ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли моҳӣ мусоидат менамояд.
Дар давоми нуҳ моҳи соли 2023 кормандони Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилоят ба хотири пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат ба бозорҳо ва касалиҳои гуногун 156014 намуна ба маблағи 315005 сомонӣ барои гузаронидани ташхис гирифтанд. Бо сабаби ба талаботи байторию санитарӣ мувофиқ набудан 103,3 тонна равған, гӯшт, шир, маҳсулоти хушк, шӯр ва 15 ҳазор дона тухм аз фурӯш боздошта шуда, безарар гардонида шуд.

 

Барои пешгирии вабои сумдард, сиёҳрон, гӯл, брадзоти чорвои калони хурди шохдор ва тоуни паранда миқдори зарурии чорво ва паранда эм гузаронида шуд.
 

Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ вобаста ба дастовардҳои соҳаи саноати вилояти Хатлон қайд гардид, ки саноатчиёни вилоят бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар 9 моҳи соли равон ба маблағи 7 миллиарду 983,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҳаҷми истеҳсолро дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022 ба маблағи 694,6 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро бо дарназардошти нархҳои қиёсӣ дар сатҳи 9 фоиз таъмин намуданд.
 

Давоми соли равон баис-тифодадиҳии 144 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ ба нақша гирифта шуда, 107 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо таъсиси 610 ҷойи корӣ дар самти истеҳсоли гӯшти мурғ, маҳсулоти гӯштӣ, мусалласи ангур, макаронбарорӣ, маҳсулоти нониву қаннодӣ, маҳсулоти пластикӣ, филизӣ, хишти пухта, хишти роҳрав ва хишти қирӣ (сементӣ), собуни хоҷагӣ, моеъи зарфшӯӣ, симтӯр, коркарди пахта, мебелбарорӣ ба истифода дода шудааст.
 

Илова ба ин, бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон бо барқароркунии корхонаи азотии шаҳри Левакант 764 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст. Дар идомаи ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода зимни таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар 9 моҳи соли 2023 зикр намуд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, ташкилот ва муассисаҳои вилоятӣ имконияту шароитҳои барои рушди бештар мавҷуданд.
 

- Боварӣ дорам, ки ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо истифода аз ин захираю имкониятҳо, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дар соли 2023 иҷро намуда, дар фаъолияти соҳаҳо заминаи мусоид барои рушд фароҳам меоваранд, - афзуд С. Зиёзода.
 

Дар интиҳо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятию минтақавӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини нақшаҳои андоз, ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосили пахта, истифодаи пурсамару оқилонаи замин, обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, омодагии соҳаҳои хоҷагии халқ ба фасли сармои пешорӯ, ташвиқу тарғиб ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодаи неруи барқ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва амалҳои ношоиста дар миёни наврасону ҷавонон, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Шуъбаи таҳлилию
иттилоотии дастгоҳи
раиси вилояти Хатлон