ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ БАҲРИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Имрӯзҳо ҳар як ташаббусу иқдомҳои ҲХДТ аз тарафи аъзо ва ҷонибдоронаш дастгирӣ ёфта истодааст. Соҳаи маориф, ки яке аз соҳаҳои муҳими мамлакат ба шумор меравад ба фаъолият ва пешрафти ин соҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи беандоза зоҳир менамояд, то инки дар оянда фарзандони мо ҳамчун ҷавонони босаводу соҳибтахассус ба камол расанд. Бо ин мақсад ҳамасола дар ватани азизамон аз ҷониби давлату ҳукумат даҳҳо муассисаҳои таълимии замонавӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Аз он ҷумла дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ солҳои охир якчанд муассисаи таълимии замонавӣ ба дастгирии мардуми маҳал зери ташаббусҳои ҳизбӣ таҳти унвони аксияи “Мактаб ман” сохта ба истифодаи хонандагон дода шудааст.
Дар ҳамин замина, бо мақсади бартарафсозии мушкилоти ҷомеа дар доираи Аксияи ҳизбии “Акҷоя месозем!” ва ташаббуси ҳизбӣ зери унвони “Мактаби ман” аз тарафи Кумитаи падару модарон ва ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Абураҳмони Ҷомӣ чор синфхонаи иловагӣ сохтмон гардида истодааст.
 
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ