СОХТМОНИ ПУЛ КОРИ ХАЙРУ САВОБ АСТ.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 10-уми октябри соли равон намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун Сайфулоев Раҳмиддин ва Асоев Олимбек аз рафти сохмони пул дар Ҷамоати деҳоти Яккадини ноҳия дидан намуда, ба саҳмдорон ва аъзои ҲХДТ барои саҳмгузорӣ дар корҳои созандагию бунёдкории ноҳия изҳори сипос намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” бо ташаббуси соҳибкорони ҳудуди ҷамоат ва роҳбарияти он як адад пул дар деҳаи Дӯстии халқҳои ҳудуди ҷамоат бо масофаи 18 метр дарозӣ сохта шуда, мавриди истифодаи сокинон қарор дода шуд.

Дар ин доира имрӯзҳо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия сохтмони пул ва иншоотҳо бо суръат давом дорад.