МУХЛИСӢ АЗ ДАСТАИ САРҲАДЧИИ ҲАМАДОНӢ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дирӯз дар варзишгоҳи сарҳадчии ноҳияи Мир Сайид алии Ҳамадонӣ бозии лигаи якуми Тоҷикистон миёни дастаҳои "Сарҳадчии Ҳамадонӣ" ва "Ориён" и ш. Исфара баргузор гардид. Ҳисоби бозӣ 6 бар 1 ба фоидаи дастаи Сарҳадчии Ҳамадонӣ. ҷамъбаст гардид. Мухлисон ба бозии дастаи "Сарҳадчии Ҳамадонӣ" баҳои баланд дода, аз тарзи бозии онҳо ба ваҷд омаданд. Дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ низ кормандони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ рафти бозиро ҷиҳати таблиғ ва тарғиб дар сомонаҳои иҷтимоӣ аксу навор гирифтанд.

 

Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғот Бахтзода Ҷомӣ