ВОХӮРӢ БО АЪЗОЁНИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” БАРГУЗОР ГАРДИД.

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати дар амал татбиқ ва риоя намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" имрӯз аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон  суҳбату вохурӣ бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва як қатор аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” суҳбату вохурӣ баргузор карда шуд.

Зимни суҳбат кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон вобаста ба риоя намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"аз ҷониби аҳолӣ, роҳ надодан ба исрофкорӣ, тарбия намудани фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ ва захира намудани зироатҳои кишоварзӣ барои фасли зимистон суханронӣ карда шуд.

Ҳамчунин кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон баромад карда оиди омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии худкушӣ дар ҳудуди ҷамоат ибрози андеша намуд.