Эҳтирому қадршиносии омӯзгорон бахшида ба Рӯзи омӯзгорон

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашнҳои миллӣ аёдату хабаргирии собиқадорони меҳнат, шахсони барӯманд ва оилаҳои ниёзманд ба ҳукми анъана даромадааст. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ дар якҷояги бо мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Неъматзода Фарзона ва мудии шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия Мирзоева Шарофат ба аёдати собиқадори соҳаи маориф Сайла Қосимова  рафта, он касро бо Рӯзи омӯзгорон табрик намуданд.Сайла Қосимова омӯзгори собиқадор, шахси кордону устоди чандин шогирдони вафодори касби хеш меҳмононро бо хушнудӣ пазироӣ намуд. Мавсуф аз ҳаёту зиндагиномаи худ нақлу қиссаҳои ҷолиб намуда, изҳор намуд, ки аз касби интихобкардаи худ ҳеҷ гоҳ пушаймон нест ва агар бори дигар аз нав интихоби касб ба муаллимаи азиз дода мешуд боз ҳам касби омӯзгориро пешаи худ мекарду барои тарбяи насли наврас, мутахассисони ҷавон пайваста меҳнат менамуд.