Ҷараёни Аксияи тақсимоти варақаҳаи иттилоотӣ дар мавзӯъи: “Забон ҳастии миллат”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ Аксияи тақсимоти варақаҳаи иттилоотӣ дар мавзӯъи “Забон ҳастии миллат” бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ баргузор гардид. Зимни баргузории Аксияи мазкур масъулини ҳизбӣ ба сокинон бо усуди “Роҳ ба роҳ” варақаҳои иттилоотӣ оид ба Рӯзи забони давлатӣ тақсим намуда, ҳамзамон қайд намуданд, ки  забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмӯи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад. Яке  аз арзишмантарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёби мегардад. Тавассути забон одамон ба ҳамдигар муошират карда, аз ҳоли ҳамдигар хабардор мешаванд. Таассуроташонро баён месозанд. Ҳангоми гуфтугӯ ва баёни фикр асолати забон боз ҳам равшантар зоҳир гардида, рукни тавонманд ва сарнавиштсоз будани он ошкор мешавад. Забон инчунин падидаи фарҳанги миллӣ буда, ба воситаи он ҳар як шахс ҳуввияти хешро мешиносад, ҷаҳонбиниашро васеъ менамояд ва ҳофизаи маънавиашро қавӣ мегардонад. Илова бар ин, забон яке аз унсурҳои таконбахши таъриху фарҳанг ба шумор рафта, дар он анъана ва сунатҳои халқ ифода меёбад. Маҳз тавассути забон инсон арзишҳои маънавии халқи худро ҳифз менамояд ва ба ин арзишҳо арҷи бештар мегузорад.