ЗАБОН САРЧАШМАИ АСОСИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мактаби Президентӣ»-и ноҳияи мазкур бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ чорабинии илмию фарҳангӣ таҳти унвони «Забон сарчашмаи асосии Истиқлолияти миллист» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин,  Миҷгона Ҳакимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва омӯзгорону фаъолони ҳизб иштирок доштанд.

Чун анъана чорабинии илмию фарҳангиро Миҷгона Ҳакимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо сухани муқаддимавӣ оғоз карда, суханро ба узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин дод.
Вализода Икромиддин Сиро-ҷиддин, Рӯзи забони давлатиро ба иштирокдорон шодбош гуфта, аз ҷумла иброз дошт, ки боиси ифтихору сарбаландист, ки миллати баруманди тоҷик соҳиби чунин забони шево мебошад. Ин забон дар минбари Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад. Ҷаҳонӣ гаштани забони ноби тоҷикӣ аз хизматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.

 

Сипас, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон зимни баромади хеш ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми сарбаланди кишварро  ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки забони тоҷикӣ забони бою пурғановат буда, таърихи қадима дорад. На ҳар як миллат чунин шоирону нависандагони бузург, ба монанди Ҳофизу Саъдӣ, Ҷомию Рӯдакӣ ва Айнию Турсунзода доштанд, ки тавонистанд дар тули таърих забону миллати хешро байни ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
 

Чи тавре ки Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қимату манзалати забони миллати ғайрро низ эътироф наметавонад кард».

Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд ҷаҳд намоянд, ки забони миллати хешро ба пуррагӣ аз худ намуда, дар баробари ин на камтар аз се забони хориҷиро аз бар намоянд. Забони модарӣ сарчашмаест, ки фарзандро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад. Ифтихори ватандориву ватанпарастӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ низ аз дӯст доштани лафзи модарӣ ва эҳтироми таъриху фарҳанг сарчашма мегирад.    
 

Дар идомаи суханронӣ Саидзода Ҷамшед Ҳамро, ироа кард, ки Рӯзи омӯзгор ба ҳафтаи аввали моҳи октябр рост меояд ва дар Тоҷикистони азиз он ботантана таҷлил карда мешавад. Омӯзгор шахсест, ки насли имрӯзу фардоро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Аз ин рӯ тамоми мардуми шарафманди ноҳияи Кушониёнро  ба ин санаҳои муҳимму фархунда муборакбод гуфта, барояшон саломатии бардавом, умри дарози пурбаракат ва хушиву саодатмандӣ орзу намуд.
 

Дар фарҷоми чорабинии илмию фарҳангӣ як қатор омӯзгорони Мактаби Президентии ноҳияи Кӯшониён, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои фаннӣ ғолибият ба даст овардаанд, бо мукофотҳои пулӣ ва Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб сарфароз гардонида шуданд.

Амонҷон Муҳиддинов,
“Ҳамрози халқ”