санаҳои фархундаи миллат

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

5-уми октябр дар тақвими миллии миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик бо чанд рӯйдоди муҳимми тақдирсозу таърихсоз бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ шудаву монанди дигар рӯзҳои ид ба зеҳну замири миллат фараҳу шодӣ мебахшад. Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ва ҷаҳду талошҳои фарзандони фарзонаи миллат забони модарии мо, ки тавассути адабиёти пурғановат ва лаҳни зебову дилнишини ниёгонамон аз насл ба насл масири пуршебу фарози таърихи пуфоҷиаи миллатро паси сар намуд, мақоми давлатӣ пайдо кард.

Ҳамакнун, дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат халқи тоҷик бо ҳисси ифтихору сарфарозӣ Рӯзи забони давлатиро  ҷашн мегирад. Ҳамзамон, дар ин шабу рӯз, ки ба ҳафтаи аввали моҳи октябр рост меояд, дар кишвари миллати озодагон Рӯзи омӯзгор таҷлил карда мешавад, ки маҳз дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо дарназардошти он ки бунёди миллат аз маориф оғоз ёфта, дар рушду пешрафти ҷомеа тарбияи неруи инсонӣ дар мадди аввал меистад, меъмори сулҳу Ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз Паёмҳои ояндасози худ гуфта буданд; «Ман дар сиёсати иҷтимоии худ маорифро дар ҷойи аввал мегузорам».
 

Мавриди зикр аст, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат  муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маорифи кишвар дигаргуниҳои бузурге ба назар мерасанд, ки мисолашро мо дар 70 соли даврони собиқ Шуравӣ мушоҳида накардаем. Чун тули солҳои соҳибистиқлолӣ нуфузи аҳолии кишвар беш аз ду баробар афзуда, дар ҷараёни сол аз сол афзудани шумораи аҳолии ҷавони кишвар талабот ба муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои ило-вагӣ зиёд мегардад. Новобаста ба масоили ҳалталаби дар дигар самтҳои рушди иқтисодӣ- иҷтимоии кишвар ҳамасола бо ташаббусу ибтикори Роҳбарияти Олии мамлакат бо истифода аз ҳама манбаъҳо даҳҳо мактабу садҳо синфхонаҳои иловагӣ бунёд мегарданд. Яъне, андар масири рушди соҳаи маориф, ки ба марҳилаи муҳимми давлатдориву таърихсозии Тоҷикистони соҳибистиқлол рост меояд, мо дар ҳама самтҳо ба муваффақияту дастовардҳои беназир ноил гардида истодаем.

Мусаллам аст, ки аз солҳои аввали бун-ёдгузории давлати навини тоҷикон, ки ба раванди пуршебу фарози расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ рост омада, минбаъд бо ташаббусу иқдомҳои таърихсози фарзанди фарзонаи миллат Тоҷикистон аз вартаи нестӣ ва мушкилоти иқтисодиву бунбастҳо бароварда шуд, дар саҳфаҳои таърихи тоҷикон бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ шуда истодааст. Дар воқеъ, таърихи миллату давлатҳоро чеҳраҳои мондагори он меофаранд, ки бо неруву қудратмандиҳои беназири худ миёни ҷомеа ва мардумони гуногунмиллати меҳани худ нуфузу эътибор ёфта, роҳнамову роҳкушои мардум дар масири нави зиндагӣ мегарданд. Пайки фархундаи санаи 5-уми октябр, ки ба Рӯзи забони давлатӣ ва ҳафтаи таҷлил аз Рӯзи омӯзгор рост меояд, ҳам рӯзи зодрӯзи шахсияти баруманд ва фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар мушкилтарин лаҳзаҳои таърихии миллату давлати мо зимоми давлатдориро бар зимма гирифта, миллатро аз нестӣ ва сарзамини аҷдодиро аз парокандагӣ наҷот бахшид.
 

Ҳакиме фармудааст, ки “Қудрат як имтиёзест, ки Офаридгор онро ба назаркардаҳои худ ато менамояд ва ин шахсиятҳои баргузида аз миёни миллионҳо нафар бо андешаву афкору пиндори худ рисолаҳои бузургеро анҷом медиҳанд, ки ба баъзе қудратҳои ҷаҳонӣ дар садсолаҳо муяссар нагардидааст”.
 

Ҳамин гуна шахсияти бунёдгузори давлати навини Тоҷикистон ва таърихсози миллати куҳанбунёди тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар мушкилтарин лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ дар шабу рӯзе зимоми давлатдориро бар уҳда гирифт, ки Тоҷикистонро ба қаламрави даргириҳо табдил дода буданду мардумони он дар меҳани худ ва ҳам кишварҳои олам сарсону гурезон гашта буданд.
 

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои ҷаҳониён собит намуд, ки Тоҷикистони тозаистиқлолро шахсияти барҷаста фарзанди содиқу тавонои халқи тоҷик сарварӣ дорад, ки афкору андешаи ояндасозаш аз умқи орзуву ормонҳои ҳазорсолаи ин халқи тамаддунофар маншаъ гирифта, дар масири бунёдгузории як давлати соҳибихтиёр азму иродаи хастанопазир дорад. Гузашти замон таҷрибаи сулҳу Ваҳдати миллӣ равандҳои музокироти сулҳовари ӯ  ҳамчун намунаи ибратомӯзиву мавриди омӯзиши институтҳои байналмилалӣ қарор гирифтааст.
 

Тули беш аз се даҳсолаи охир дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар кишварамон ислоҳоти ҳуқуқиву сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ба вақуъ пайваст, ки ба таҳкими пояҳои давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувор гузошт. Албатта ба хизматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат дар бунёдгузории давлати навин ва таъмини сулҳу ваҳдати ояндасоз ҳар фарди ин кишвари мардумонаш саодатёр арҷу эҳтироми беҳад мегузоранд. Ин шахсияти таърихсоз он рисолати бузургеро анҷом дод, ки халқи ҷафодидаи тоҷик ҳазор сол интизорашро доштанд, ки кай аз миёни халқ асилзода пайдо шуда ин миллати тамаддунофарро соҳиби давлату марзу буми аҷдодӣ менамояд.  Бо амри тақдир дар лаҳзаҳои таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони мардумӣ номзадии ҷавонмарди ғаюру ҷонфидои миллатро ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд, ки андар нахустин суханрониаш аз минбари тақдирсоз ба халқи азияткашидаи Тоҷикистони дар гирдоби ҷангу хунрезиҳо уфтода, умед ба сулҳу осоиштагӣ ва ояндаи дурахшони ватанро бахшид. Чуноне, ки Президенти Федератсияи Русия зимни як мусоҳиба бо хабарнигорон гуфта буд: “Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони кишварҳои Иттиҳод яке аз мавқеъҳои асосиро ишғол менамояд. Ва ин амри тасоддуф нест. Тамоми саъй ва кӯшишҳои ӯ нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ идома дорад. Шабоҳати ин раванд дар кишварҳои дигар, ки дар он ҷо авзоъ то андозае муташшаниҷ аст, вуҷуд надорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад, - барои бисёре аз халқҳо ва кишварҳои олам намунаи ибрати хуб аст».
Гузашти даврони Истиқлоли кишвар Сарвари ояндасоз на танҳо дар арсаи бунёдгузории давлату рушду нумуи Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоистаи мардумонаш муваффақ гардида истодааст, балки бо роҳбариву ҳидоятҳои ояндасози Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии сайёра нақши пешоҳангӣ дорад. Сиёсатмадорони машҳури олам иқрор меоянд, ҷомеаи башарӣ аз саҳми кишвари Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ва дигар падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир изҳори сипосгузорӣ дошта, бо хушбинӣ таъкид менамоянд, ки Роҳбарияти Олии кишвари мо дар масири рушду тараққӣ, таъмини озодиву амнияти аҳли башар ва  фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум дар саросари олам саҳми мондагор гузошта истодаасту ин рисолати муқаддасро минбаъд низ идома хоҳад дод.

 

Маврид ба ёдоварист, ки дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси бунёдгузории давлати навини Тоҷикистон ва раванди пуршебу фарози расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ маҳз бо ибтикори хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфта, ба арсаи сиёсат ворид гардид, ки минбаъд ҳамчун неруи пешабарандаи ҷомеа миёни сокинон ҳамовозии зиёд пайдо кард. Бо мурури солиёни баъдӣ ҲХДТ ҳамчун мактаби сиёсӣ дар тарбия ва ташаккули афкори ҷомеа ба хусус, ҷавонон нақши муассир гузошта,  имрӯз ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа миёни мардум нуфузу маҳбубияти беандоза дорад.
 

Умуман, тасмимҳои бузургу тадбирҳои ояндасози Пешвои муаззами миллат дар масири бунёдгузории давлати навини тоҷикон мавриди таваҷҷуҳ ва омӯзиши сиёсатмадорону пажуҳишгарони риштаи сиёсатшиносӣ ва соҳаи идоракунии давлатӣ қарор дорад. Тавре, ки Дзян Дземин, Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин дар солҳои 1993-2003 гуфта буд; «Халқи Тоҷикистон бо сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмонов бо итминон вориди ҳазорсолаи сеюм мешавад. Саъю кӯшишҳои Сарвари давлати тоҷикон ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои осиёӣ ба ҳама маълум аст. Мо ҳама ҷонибдори сулҳ, ризоият ва рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошем».
 

 Ҳамин сон, мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат баҳри расидан ба ҳадафҳои бузурги миллату давлатсозӣ саъю талош варзида, азм доранд Тоҷикистонро ба кишвари ободу пешрафта табдил дода, бо дастовардҳои беназир дар ҳама самтҳои давлатдорӣ ва эҳёи расму оин, илму фарҳанги тамаддунсоз дар рушди ҷомеаи башарӣ нақши худро гузошта бошанд. Зеро ин ҳадафҳои бузурги миллии мо аз орзуву ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон сарчашма мегирад, ки дар аҳди давлатдорӣ ин рисолати муқаддасро аз насл ба насл мерос гузоштаанд.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН,
“Ҳамрози халқ”